Созишномаи ҷентелменӣ аз нигоҳи Абдумаҷид Достиев
Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав конфронси илмӣ сурат пазируфт.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати умури хориҷа иттилоъ доданд, дар ин нишаст ҳамватанони муқими Русия, роҳбарону намояндагони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониён, донишмандону таҳлилгарон, намояндагони расонаҳои хабарӣ кишвари иқомат, роҳбарону кормандони намояндагиҳои расмии мақомоти ҶТ дар Русия иштирок доштанд. Зимнан, сафири ҶТ дар ФР Абдумаҷид Достиев дар баромади худ оид ба истиқлолият сухан карда, ибтидо аз таърихи давлату давлатдориҳои тоҷикон, бахусус шукӯҳу шаҳомати давлати Сомониён, бурду бохти он давлат ва сабақҳои талхи он; тақсиму парешонии тоҷикону сарзамини тоҷикнишин аз рӯи созишномаи ҷентелменӣ (джентельменское соглашение), инқилоби Октябри 1917 ва таъсири он дар тақдири минбаъдаи мардуми тоҷик ёдовар шуд. Ҳамчунин, аз бурду бохти даврони шӯравӣ, нақши русҳо ва дигар халқҳои шӯравӣ дар тақдири тоҷикон дар он давра ва дар замони баистиқлолрасии комили давлатӣ, аз ҷумла ёрии онҳо дар ҷараёни баҳамоии тоҷикон, ва ғайра хотирнишон шуда, гуфт, мардуми тоҷик табиатан ва таърихан нисбат ба хайрхоҳону некирасонон содиқу басипос мебошад.
Манбаъ афзуд, сипас Мавҷигул Ибодуллоева – президенти Бунёди байналмилалии «Мусалмонони ҷаҳон бар зидди маводди мухаддир, ифротгароӣ, зӯроварӣ ва терроризм», А. Ситников – мудири кулли ҶС «Витяз -Восток» (ш.Маскав), Нуриддин Муҳиддинов - мудири кулли Кумитаи иҷроияи иттиҳоди минтақавӣ оид ба алоқа, Мирзо Додохонов - муассис ва муовини сардабири маҷаллаи илмии Тоҷикистону Русия – «Ирано-Славика», Хуршеда Ҳамроқулова - раиси созмони «Маркази фарҳангии тоҷикон», ҳамватанони маъруфи муқими Русия, монанди донишмандон Ҳокимшо Муҳаббатов, Азиз Ниёзӣ, Баҳром Ахмедов ва дигарон суханронӣ намуда, роҷеъ ба таърихи давлату давлатдории тоҷикон, раванди дастёбии кишвар ба истиқлолият, ҳассосияту мушкилоти солҳои навадуми қарни гузашта, паҳлӯҳои гуногуни дастовардҳои кишвар ва нақши роҳбари давлату ҳукумати ҷумҳурӣ дар он, андеша ронданд. {jathumbnail off}