Консули маҷруҳшудаи Афғонистон аз гуноҳи ронандаи тоҷик гузашт
Муҳаммад Зоҳир Асъад Яфталӣ, масъули консулгарии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, мегӯяд, нисбат ба ронандаи тоҷик, ки дар садамаи нақлиётии ҷароҳатбардоштааш ӯ айбдор мешавад, ҳеч даъвое надорад.
Оқои Яфталӣ, ки ҳоло дар беморхонаи маъруф ба номи “Мансуров”-и шаҳри Душанбе бистарӣ буда, ҳолаш хуб арзёбӣ мешавад, дар суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, “ҳеч иддаое надорам, чун ин ҳама дар тақдири мо сабт шудааст, бахусус замоне ки дидам, он шахс як ронандаи одии мусофиркаш мебошад.”
Ба гуфтаи масъули консулгарии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, ин ронандаи тоҷик борҳо ба аёдати ӯ ба беморхона омада, гуфтааст, талош мекунад, тамоми хисороти ба миён омодаро ҷуброн кунад: “Вале ман гуфтам, на, танҳо аз ҷониби Шумо барои мо дуо кифоя аст.” Яфталӣ рӯзи 17 октябр дар роҳ ба сӯи Кобул дар ноҳияи Қумсангир ба садамаи нақлиётӣ дучор омад, ки дар он ронандаи тоҷик гунаҳгор дониста мешавад. Ӯ ба хотири иштирок дар ҷанозаи модараш бо мошини худ мехост, тариқи гузаргоҳи марзии Панҷи поён Тоҷикистонро тарк кунад.
Муҳаммад Зоҳир Асъад Яфталӣ, ки 54 сол дораду ҳоло масъули бахши консулгарии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон аст, дар деҳаи Яфтали вилояти Бадахшони Афғонистон ба дунё омадааст. Ӯ яке аз шогирдони асили Бурҳониддини Раббонӣ, раисиҷумҳури пешини Афғонистон ва раҳбари Шӯрои олии сулҳи ин кишвар буда, тибқи баъзе хабарҳо замоне масъулияти муҳофизии ӯро низ бар дӯш доштааст. Дар акси аввал: Муҳаммад Зоҳир Асъад Яфталӣ ҳамроҳи Устод Бурҳониддини Раббонӣ