Раҳмон камераҳоро дар Душанбе санҷида, баъд фаъол мекунад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 31 октябр камераҳои назоратии насбшуда дар Душанберо аз санҷиш хоҳад гузаронд. Мақомот мешӯянд, дар сурате ки камбудие ёфт нашавад, камераҳо аз 1 ноябр фаъол хоҳанд шуд.
Дар ин бора ба “Озодагон” Шукрӣ Зубайдов, раҳбари корхонаи васлу истифодаи назди раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон хабар дод. Зубайдов гуфт, "дурбинҳо дар хиёбони Рӯдакӣ, аз Фурудгоҳи байналмилалӣ то маҳаллаи Воданасос насб шуда, ҳамаи мушкилоти техникии онҳо низ бартараф шудаанд. Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази идораи дурбинҳои назоратӣ дар ВКД кори камераҳои назоратиро месанҷад ва агар ягон камбудӣ пайдо нашавад, 1 ноябр бахши аввали лоиҳа фаъол хоҳад шуд.”
Шукрӣ Зубайдов афзуд, инчунин дар 18 гузаргоҳи пойтахт корҳои сохтмонӣ ва насби дурбинҳо давом дорад. Қаблан, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон изҳор дошта буд, то моҳи ноябри соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар 855 камераи назоратӣ насб мешаванд, ки хароҷоти миёнаи насбу ба истифодадиҳии ҳар кадомашон ҳудуди 25 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ин тарҳ бо харҷи 22 миллион доллар, ки қисмати зиёдаш қарзи имтиёзноки Чин тавассути Созмони Ҳамкории Шонгҳой мебошад, амалӣ гардида, 5 сол мӯҳлати кафолат дорад.
Дар доираи лоиҳаи “Шаҳри бехатар” аз ҷониби ширкати «Ҳуавей» мутахассисони тоҷик барои кор бо ин таҷҳизоти муосири электронӣ омӯзонда мешаванд. Гуфта мешавад, ин тарҳ барои таъмини тартибот дар кӯчаҳо ва ҷилавгирӣ аз фасодкории нозирони роҳ мусоидат кунад.