Ҳисобҳои бонкии духтари президент мунҷамид шудааст
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон фаъолиятҳои молии ширкати "Terra group"-и мутаалиқ ба Гулнора Каримова, духтари бузурги президент Ислом Каримовро тафтиш мекунанд. Дар ин бора “Озодлик”, бахши узбакии Радиои “Озодӣ” хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳисобҳои бонкии “Terra Group”, ки дар "Infinbank" будааст, мунҷамид шудаанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба сарчашмаи пулҳои ба ҳисоби ширкат воридшуда таваҷҷуҳ кардаанд.
Як манбаъ аз "Infinbank" ба “Озодлик” гуфтааст, ки дар бонки мазкур ширкати "Terra Group" ҳисобҳои зиёде доштааст, ки дар онҳо пули калон дар гардиш будааст.
Ба иттилои манбаи дигар аз "Infinbank" як марде бо исми Фарҳод, ки аз одамони наздик ба Гулнора Каримова гуфта мешавад, зери назорати мақомот аст.
Ширкати мазкур дар бонкҳои дигари Узбакистон, ки ба афроди маъруфи ин кишвар таалуқ доранд, низ ҳисобҳои бонкӣ доштааст.
Ҳафтаи гузашта якбора пахши барномаҳои се радиое, ки дар ҳайати “Terra group” буданд, қатъ гардид. Намояндаҳои ширкат гуфтанд, ин ба корҳои профилактикӣ марбут аст. Баъдан, 4 шабакаи телевизионии зери назорати Гулнора Каримова ҳам аз эфир “ғайб” зад. Дар ҳоли ҳозир кормандони ширкати “Terra Group” ба рухсатӣ фиристода шуда, фаъолияти он қатъ шудааст.
Гулнора Каримова духтари бузурги Ислом Каримов аст. Дар гузашта бештари коршиносон ҳадс мезаданд, ки президенти Узбакистон маҳз ӯро ҷойгузини худ кардан мехоҳад. Аммо ахиран ба назар мерасад, миёни Гулнора ва падараш “гурбаи сиёҳ” гузаштааст. Ахиран, хабарҳое нашр шуд, ки гуиё Каримов духтарашро лату кӯб кардааст.