Коммунистҳои Тоҷикистон мегӯянд, аз муллоҳо дигар "наметарсанд"
Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) мегӯяд, минбаъд ходимони дини Ислом ё худ муллоҳоро низ ба узвияташ шомил хоҳад кард. Як манбаъ дар Ҳизби коммунист гуфт, тибқи тағйиру иловаҳои воридшуда ба ойиномаи ҳизб пайравони ҳамаи адён, бахусус рӯҳониёни исломӣ метавонанд узви Ҳизби коммунистӣ шаванд.
Ба гуфтаи мусоҳиби мо, дар ойинномаи ин ҳизб омадааст, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ки синнаш ба 18 расидааст, сарфи назар аз мавқеи мазҳабӣ ва миллаташ метавонад узви Ҳизби коммунистӣ шавад. Ӯ афзуд, ин иқдом ба хотири рушду пешрафт ва фаъол гардидани ҳизб гирифта шудааст: "Ҳизби коммунисти Чин соли 1957 муносибати худ бо динро тағйир дод, ки ин боиси ба сардӣ гароидани равобиташ бо Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ шуд. Вале ахиран дидем, ки дуюмӣ рӯ ба таназзул оварду Ҳизби коммунисти Чин ҳамоно вуҷуд дошта, фаъолтар гардидааст. Аз ин рӯ, мо дар ойинномаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон муносибат бо динро комилан дигар кардем."
Манбаи мо мегӯяд, Ҳизби коммунист низ мисли дигар аҳзоб сиёсӣ буда, бояд ҳамқадами замона ва дар якҷоягӣ бо ҷомеа такмил ёбаду шомили муносибатҳои нав гардад: “Вале азбаски раҳбарияти онвақтаи Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ синну солаш ба пирӣ расида буд, навгониро қабул надошт.”
Мусоҳиби мо меафзояд, дар сурати ворид шудани рӯҳониён ё худ пайравони дини мубини Ислом ба ин ҳизб ба онҳо ҳеч як кадом маҳдудияте дар рафти иҷрои фаризаҳои динии худ таҳдид намекунад: “Ҳамаи мо мусулмон ҳастем ва Худоро яккаву ягона ва Муҳаммад (с)-ро расули ӯ медонем. Аммо бояд давлат аз дин ва масҷид аз мактаб ҷудо буда, рӯҳониёни исломӣ ё худ муллоҳо фаъолияти касбии муллогии худро ҳамчун манбаи даромад истифода накунанду дар баробари коммунистҳо бояд дар ҷомеа кор ва маош гиранд.” “Аксари кодекси ахлоқии бинокори коммунизм аз китобҳои илоҳӣ, бахусус китоби Қуръон гирифта шудааст, ки ба баробарию бародарӣ, дӯстию рафоқат ва эҳтироми якдигару дурӣ аз истисмори инсонҳо ташвиқ мекунад. Яъне, ахлоқи бинокори коммунизм фишурдаи маҷмӯи ахлоқи исломӣ мебошад”,-афзуд ин масъули Ҳизби коммунист.
Инчунин, мусоҳиби мо дар масоили мавқеи ва масъулияти масоҷид дар Тоҷикистон низ дахл карда, афзуд, масҷидҳо бояд макони ибодат ва парастиши Худованд бошанду танҳо дар онҳо арзишҳо ва аркони динӣ тавсифу баррасӣ шаванд ва набояд ин маконҳо ба як маҷлисгоҳ табдил ёбанд.
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, ки дар гузашта ҳамчун ҳизби яккатоз дар сиёсати Шӯравӣ ба шумор мерафту давоми беш аз 20 сол аст, раҳбарияти онро Шодӣ Шабдолов бар дӯш дорад, ҳоло ба гуфтаи масъулонаш дорои 45 ҳазор узв мебошад. Ин ҳизб, ки ҳамчун ҳизби парлумонӣ маҳсуб шуда, дар ин ниҳоди қонунгузории Тоҷикистон чаҳор намоянда дорад, то кунун дар интихоботҳои президентӣ ва парлумонии кишвар бо номзадҳои худ вориди корзор шуда, дар интихоботи президентии 6 ноябр Исмоил Талбаков, муовини раҳбари ҳизб худро номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ кардааст.