Навраси 15-сола беҳтарин ҳофизи Қуръон шинохта шуд
Қурбон Яҳё Сансизбайули, навраси 15 солаи қазоқ барандаи панҷумин озмуни донандаҳои Қуръон дар Қазоқистон эътироф шуд.
Бино ба иттилои торнамои “Ал-РТВ” дар ин озмун, ки беш аз сад нафари сину соли мухталиф аз тамоми қаламрави Қазоқистон ширкат кардаанд, ба ғолиб 1 миллион танга тақдим шудааст. Олихадием Шелиевич ба унвони ғолиби зинаи дуюм соҳиби 750 ҳазор танга шудааст. Абдулғаффор Турсунов ва Куаниш Токсанбайули ҷои сеюмро миёни ҳам қисмат намуда, ҳар кадом бо 350 ҳазор танга мукофотонида шудаанд.