Иҷозаи сесолаи кор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Сафиаллоҳ Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, рӯзи 29 октябр дар шаҳри Маскав бо Константин Ромодановский, раиси Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия созишномаи нав дар мавриди муҳоҷиратро ба имзо расонданд.
Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки “имзои ин созишнома ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад, дар қаламрави Русия барои 3 сол иҷозаи кор пайдо кунанд. Яъне, тоҷикистониён акнун метавонанд иҷозати 3-солаи корро бе хориҷ шудан аз қаламрави Федератсияи Русия дарёфт намоянд.”
Гуфтугузор дар мавриди иҷозаи сесолаи кор барои тоҷикон дар Русия ҳанӯз тирамоҳи соли гузашта, дар пайи сафари Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ба Душанбе садо дода буд, аммо то ҳол муаллақ буд.