Аз ҳушдор то ризоияти Эмомалӣ Раҳмон дар Кӯлоб
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки қаблан дар Кӯлоб ҳушдор дод, агар корхонаҳои бозистода фаъол нашаванд, онҳоро дубора давлатӣ хоҳад кард, имрӯз, 29-уми октябр, зимни сафари корияш аз кори соҳибкорону вазъи истеҳсолот дар Кӯлоб розӣ монд.
Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, нимаи аввали имрӯз дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон 6 корхонаи нави истеҳсолӣ ба кор дароварда шуд: “Нахуст корхонаи истеҳсолии Элдорадо, ки бо харҷи 3,4 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Халил Темуров бунёд ёфтааст, ифтитоҳ гардид, ки қуми шуста, шағал, асфалт ва бетонро истеҳсол мекунад.”
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи корхонаи коркарди пахта, бо иқтидори 20 ҳазор тонна, корхонаи нави коркарду бастабандии гиёҳҳои шифобахш ва се корхонаи дигари озуқабарорӣ иштирок намудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, зимни ифтитоҳи корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш, ки ҳоло истеҳсоли 12 намуд маҳсулотро ба роҳ мондааст, таъкид дошт, ки тавсиаи корҳо дар ин самт метавонад ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидати фаъол намояд. Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти шаҳри Кӯлоб дастур додааст, ки доир ба сохтмони як чойхонаи миллӣ, ки чояш аз гиёҳҳои шифобахш бошад, чораандешӣ кунанд.