Хабарҳои зидду нақиз дар бораи барканории ҷияни Бобоназарова
Бино ба хабарҳое, ки “Озодагон” дастрас кард, Тоҳир Абдулов -- ҷияни Ойниҳол Бобоназарова ба дунболи пешниҳоди номзадии ӯ ба мақоми президентӣ аз ҷойи кораш дар Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ёвон ронда шудааст. Манобеи мо мегӯянд, оқои Абдулов рутбаи майори милиса дошта, тӯли тақрибан бист сол ифои вазифа мекард.
Аммо худи Тоҳир Абдулов дар як тамоси телефонӣ бо “Озодагон” гуфт, ҳоло дар рухсатист ва намедонад, воқеан, чӣ иттифоқе уфтодааст. Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, низ дар як тамоси кӯтоҳ аз шарҳи ин хабар худдорӣ кард ва гуфт, танҳо дар сурати ба даст гирифтани санади барканории ҷиянаш метавонад дар ин бора чизе бигӯяд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, ҳоло дақиқ нест, ҷияни ӯро дар ҳақиқат аз кор рондаанд, ё на.
Ин хабар дар ҳоле дастраси мо шуда, ки ҳафтаи гузашта ду сокини Кӯлоб танҳо барои он ки ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова имзо гузоштаанд, мавриди пурсуҷӯи мақомот қарор гирифтаанд. Хонум Бобоназарова мегӯяд, аммо ин ҳодисаи аввалу охир нест. “Дар як маърака дар ноҳияи Ваҳдат зане гуфтааст, ки ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова овоз додам. Баъдан аз мақомот ба хонаи ин зан омада, болои ӯ фишор меоранд ва ҳатто аз ҷои кораш маҳрум месозанд. Ман рафта, бо раиси ноҳияи Ваҳдат суҳбат кардаву масъаларо ҳал намудам. Ростӣ, ба чанд нафари дигар пас аз интихобот таҳдиди аз кор ронданро намуданд”,-афзуд Бобоназарова.
Мусоҳиби мо афзуд, “агар мақомот ҳарфу гуфтание доранд, ба ман муроҷиат кунанд. Ба ин шаҳрвандоне, ки гуноҳ надоранд, фишор наоранд. Ин маънои онро дорад, ки мақомоти Тоҷикистон мехоҳад, дар асри 21 як ҷомеае созанд, ки дар он ҳама ғулом бошад ва ягон кас ҳуқуқи гап заданро надорад. Ҳайронам, мақомот дигар кор надоранд, ки аз қафои тарафдорони ман мегарданд?”
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик, даҳуми сентябри соли ҷорӣ аз сӯи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки ҲНИТ ва ҲСДТ шомили онанд, ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуд. Бисёриҳо ӯро аз рақибони аслӣ ва ҷиддии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи 6 ноябр медонистанд, аммо Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба далели он ки 210 ҳазор имзои заруриро пешниҳод накардааст, ӯро сабтином нанамуд ва аз идомаи рақобат маҳрум сохт.