Дар Душанбе ба истеҳсоли аккумулятор шурӯъ карданд
Дар шаҳри Душанбе боз як корхонаи нави аккумуляторбарорӣ кушода шуд.
Тавре ба мо аз дафтари матбуотии вазорати энергетика ва саноат иттилоъ доданд, иқтидори солонаи ин корхона 15 ҳазор адад буда, бо назардошти мавҷуд будани талабот то 45 ҳазор адад расонидании он имкон дорад. Корхонаи мазкур ЧДММ «ТОК» гуногунтамға буда, бо сармоягузории шаҳрванди Канада ва як соҳибкори инфиродӣ, ки ўро Холиқов муаррифӣ карданд, таъсис дода шудааст. Барои сохтмони ин коргоҳ 40 -ҳазор доллари ИМА масраф шудааст, ки саҳми тарафҳо 50% мебошад. Дар ин коргоҳ 5 намуд аккумуляторҳо СА-60, СА-75, СА-120, СА-140, СА-190 барои автомобилҳои гуногунтамғаи сабукрав ва боркаш истеҳсол карда мешавад.
Зимни ифтитоҳи ин корхона Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноат ширкат ва суханронӣ кардааст. Гуфта мешавад, шумораи ҷойҳои корӣ алҳол 30 адад ва дар сурати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот то 50 адад расонида хоҳад шуд.{jathumbnail off}