Қочоқи чӯб аз Русия ва нархи гаронаш дар Тоҷикистон
Мақомоти Русия мегӯянд, танҳо дар Хокасия барои қочоқи чӯб ба Тоҷикистон соли равон 9 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар маҷмуъ ба иттилои мақомоти гумруки Русия барои қочоқи чӯбу тахта аз минтақаи Сибири ин кишвар ба хориҷ 64 парвандаи ҷиноӣ боз шудаанд ва арзиши чӯби қочоқӣ наздики ним миллиард рубли русӣ расидааст.
Мақомоти Русия арзиши як метри мукааби чӯбро дар ин кишвар 4 ҳазору 250 рубл арзёбӣ мекунанд, ки камтар аз 150 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон, ки асосан чӯбу тахта аз Русия ворид мешавад, айни ҳол як метри мукааб чӯбу тахтаи русӣ 350 доллари амрикоӣ нарх дорад, ки нисбат ба нархаш дар худи Русия беш аз 2 маротиба қиматтар аст.