Туркманистон: 1002 маҳбус авф шуд
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон зери фармон “Дар бораи авфи маҳбусон ба хотири таҷлил аз 22-юмин солгарди истиқлолияти Туркманистон” имзо гузошт.
Дар пояи ин фармон 1002 нафар авф хоҳанд шуд. Президент ба масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур додааст, барои раҳоии афроди авфшуда ва дар ҳалқаи хонаводаҳои худ гузаронидани ҷашни истиқлол тамоми чораҳои заруриро бияндешанд.
Раҳбарони вилоёт, навоҳӣ ва шаҳрҳо супориш гирифтаанд, то ҳамаи авфшудаҳоро бо ҷои кор таъмин намоянд. “Бо ин роҳ мо ба ин афрод имкон медиҳем, бо меҳнати ҳалол гуноҳи худро бишӯянд ва дар ҳаёти кишвар фаъолона ширкат намоянд”,-гуфтааст Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов.