Далер Каломов -- шоҳиди нав дар қазияи “муллои ҷодугар” (ВИДЕО)
Нилуфари КАРИМДалер Каломов, як сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, аз болои Зулола Раҳимова, ки дар видеои баҳсбарангези “муллои ҷодугар” тасвир ёфта, аммо дар додгоҳ ба ҳайси ҷабрдида баромад кард, ба Мавлудҷон Салихов -- вакили мудофеи Асадулло Иброҳимов шикоят бурдааст. Ӯ гуфта, ки замоне Зулола мехост, аз тариқи сабти ҳолатҳои шаҳвонӣ ӯро ҳам ба доми худ андозад.
Оқои Каломов гуфтааст, Зулола Раҳимоваро аз видеои “муллои ҷодугар” дидаву шинохтааст ва метавонад дар бораи “корнома”-и ӯ ба додгоҳ гузориш диҳад. Ин дар ҳолест, ки ба қавли вакили мудофеи Иброҳимов, худи Зулола дар додгоҳ гуфтааст, сабти видеои “муллои ҷодугар”-ро тавассути телефон ва ҳадафмандона сабт намудааст. Мавлудҷон Салихов мегӯяд, то чоруми ноябри соли ҷорӣ аз болои ҳукми Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки нафари таҳти ҳимояташро ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард, ба зинаҳои болотар шикоят хоҳад бурд ва ҳатман масъалаи Каломовро ҳам дар миён хоҳад гузошт.
7 соли зиндон
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 24 октябр Асадулло Иброҳимов, маъруф ба “муллои ҷодугар”-ро ба 7 соли зиндон маҳкум карда, ба пардохти 14 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф намуд. Исмоил Давлатов, додраси ноҳияи Сино, Асадулло Иброҳимовро аз ҳаққи машғул шудан ба фаъолияти динӣ барои 5 сол маҳрум кард. Ин дар ҳолест, ки Амрулло Фозилов, айбдоркунандаи давлатӣ, барои Асадулло Иброҳимов 8,5 соли зиндонро талаб карда буд. Аммо Фозилов аз суҳбат бо хабарнигорон дар мавриди қазияи Иброҳимов худдорӣ намуда, изҳор дошт, барои ҳар иттилоъ ба шуъбаи таблиғотии Додситонии генералӣ муроҷиат намоем.
“Шавҳарам хиёнат накардааст”
Бибираҷаб Иброҳимова, ҳамсари Асадулло Иброҳимов, дар суҳбат бо “Озодагон” аз ҳукми баровардаи додгоҳ изҳори норизоӣ намуда ва гуфт, дар ин қазия нисбат ба шавҳараш туҳмат ҷой дорад: “Дар 30 соли зиндагиам аз ҷониби шавҳарам боре ҳам нохалафӣ надидам. Бо ҷабрдида Зулола Раҳимова 4 бор рӯ ба рӯ шудаам ва ду бор суҳбат кардаам. Ӯ ҳар даъфа ба назди шавҳарам барои дуохонӣ меомад ва аз ман рӯймол мепурсид, ман бошам барои пӯшидани сараш рӯймол медодам. Як бор ба хонаи мо ширинӣ (торт) овард, ки ҳамон лаҳза шавҳарам дар хона набуд ва ба мо гуфт, ки 28 торт пухта ба хонаи хешу табораш ҳамчун хайр тақсим кардааст ва ба хонаи мо низ ба хотире, ки мулло дуояш мехонад, овардааст. Ба ман чанд бор суолҳои беҷо медод, ба монанди “агар дар ҳуҷраи дигари хонаатон роҳ гарданд, овозашро мефаҳмед ё ин ки даратонро кушоянд ягон садо мебарояд?” Ман ҷавоб додам, ки поёни дари мо ба андозаи як ваҷаб кушодааст ва чӣ садое бошад, мо мешунавем ва тирезаҳо низ аз ҷониби роҳ кушодаанд. Баъд аз рафтани Зулола, шавҳарам ба суоли ман, ки оё ӯро аз наздик мешиносад, ҷавоби рад дода буд. Зулола гуфта буд, ки дар ЦУМ ҳамчун аксбардор кор мекунад.”
Бибираҷаб Иброҳимова афзуд, навори гӯиё ишқварзии Зулола бо шавҳарашро надидааст ва виҷдонаш намебардорад, ки чунин наворро бинад. “Ман зани ягонаи шавҳарам мебошам, аз ман ягон сиррашро пинҳон намекард. Ба ҳар куҷое мерафт, бо худ як фарзандамонро мегирифт. Дар мавриди он ки Зулола мехоҳад зани дуюми шавҳари ман шавад, ягон иттилоъ надоштам. Шавҳарам тӯли 2 сол ба дуохонӣ машғул аст. Бештар ба хонаи мо занҳо бо кӯдаконашон меомаданд, ки кӯдаконашонро дуо мехонд. Ягон бор занҳоро танҳо дуо намехонд, аксаран ман худам бо онҳо менишастаму шавҳарам дуо мехонд. Агар шавҳари ман чунин инсон мебуд, дар сӣ соли зиндагӣ ман хабардор мешудам. Мо 8 кӯдак дорем”,-афзуд ӯ.
Вокуниши адвокат
Мавлудҷон Салихов, вакили мудофеи Асадулло Иброҳимов, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ишқварзии Асадулло Иброҳимов бо Зулола Раҳимова на аз роҳи зӯрӣ, ҳамон тавре мақомот гуфтанду ҳукм карданд, балки бо хоҳиши ду тараф ба миён омадааст: “Аз нигоҳи шариату ахлоқ, бале, нафари таҳти ҳимояти мо гуноҳ кардааст. Аммо аз нигоҳи қонунҳои ҷории Тоҷикистон ин ҷиноят нест ва ҷавобгарӣ надорад.” Вакили мудофеъ дар идома гуфт, Зулола Раҳимова ҳафт бор барои дуохонӣ ба назди Асадулло Иброҳимов, “муллои табиб”, омада, видеои ишқварзиро дар дафъаи шашум тавассути “Айфон” ва ҳадафмандона ба навор гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, хонум Раҳимова ҳар бори ба назди Асадулло Иброҳимов омаданаш аз надоштани ҳамсар шиква карда, мегуфтааст, мехоҳад бо нафаре оиладор шавад: “Зерҳимояи мо гуфтааст, ӯ метавонад Зулола Раҳимоваро ба ҳамсарӣ қабул кунад. Дар ҳамин ҳол, Зулола аз Асадулло манзили истиқоматӣ пурсидааст. Аммо Асадулло Иброҳимов бо бародараш маслиҳат намуда, бародараш ба ӯ иҷозати гирифтани зани дуюмро намедиҳад. Мулло бошад, дар рӯзи дигари дуохонӣ ба Зулола ҷавоби радро медиҳад, ки дар натиҷа Зулола ӯро ба ҳолати шаҳвонӣ оварда, ишқварзии онҳоро ба телефонаш сабт мекунад”,-гуфт Салихов.
Қиссаи се 10 сомонӣ
Мавлудҷон Салихов инчунин аз ҳукми баровардаи додгоҳи ноҳияи Сино розӣ набуда, афзуд, “тафтишоти пешакӣ ба зерҳимояи ман бинобар сабабе ки Зулола Раҳимова дар шикояташ овардааст, ӯ се бор ба мулло 10 сомонӣ додааст, моддаи 234, қисми 2, банди “б”-и Кодекси ҷиноятиро пешбинӣ намудааст. Дар мурофиаи судӣ маълум гардид, ки Зулола ҳангоми бори аввал ба хонаи мулло омадан ба ӯ мегӯяд, барои дигар рӯзҳо роҳкиро надорад. Асадулло бошад, ба ӯ 90 сомонӣ барои харҷи роҳ медиҳад. Зулола Раҳимова ҳангоми мурофиа иқрор шуд, ки аз мулло 65 сомонӣ гирифтааст. Инчунин, мулло гуфт, ки як бор баъд аз рафтани Зулола 10 сомонӣ аз ҳуҷрааш пайдо кардааст.”
Мулло: Ман гунаҳкор нестам
Худи Асадулло дар толори додгоҳ гуфт, ба Зулола ягон хел фишор ё зӯрӣ накардааст ва бинобар ҳамин, худро гунаҳкор наҳисобида, аз ҳукми додгоҳ розӣ нест. Мавлудҷон Салихов дар тақвияти гуфтаҳои зерҳимояаш гуфт, дар мурофиаи додгоҳӣ вақте ба Зулола Раҳимова суол дода шуд, ки “Шумо дар сабти навор дар вақти дуохонӣ ва ба оғӯш гирифтани домулло ягон ҳаракатҳои зӯроварӣ дидед ва чаро напурсидед, ки чунин мекунад?” посух дод, ки “гумон кардам, дуохонӣ ва баровардани тарс ҳамин хел будааст.”
Мурофиаи додгоҳии Асадулло Иброҳимов рӯзи 18 октябр дар додгоҳи Синои шаҳри Душанбе оғоз ёфта, 24 октябр бо ҳафт сол ҳукми зиндони ӯ поён ёфт. Парвандаи ӯ аслан аз рӯи наворе таҳия шуд, ки Асадулло Иброҳимов дар он бо Зулола Раҳимова амалҳои шаҳвонӣ анҷом медиҳад. Ин навор қаблан тариқи телевизионҳои давлатӣ низ намоиш дода шуд ва дар як вақт ба шабакаи интернет ҳам роҳ ёфт, ки то ҳоло аз ҷумлаи сербинандатарин наворҳои тоҷикист. Аммо Салихов мегӯяд, то чоруми ноябр аз болои ҳукми додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба зинаҳои болотар шикоят хоаҳд бурд.