11 ҷангии “Толибон” худро ба мақомот таслим кардаанд
11 ҷангии ҳаракати “Толибон” дар музофоти Нангархор дар доираи барномаи оташбас силоҳи худро ба мақомоти расмӣ таслим кардаанд.
Бино ба иттилои шабакаи телевизионии “Тулӯъ”-и Афғонистон ин афрод баъди мулоқот бо намояндаҳои шӯрои олии сулҳ силоҳи худро ба замин гузоштаанд.
“Мо аз дигар ҷангҷӯён низ даъват мекунем, ба хушунатҳо хотима дода, ба барномаи оташбас бипайванданд”,-гуфтааст Малик Назир, раҳбари шӯрои сулҳи Нангархор.
Ҳафтаи сипаришуда дар вилоятҳои Бағлон ва Ҳирот ду гуруҳи ҷангиён, ки дар маҷмуъ 24 нафарро ташкил медоданд, аслиҳаи худро ба мақомот таслим карданд.