Шабохуни миллатгароёни рус ба қатори Тоҷикистон ва нотаи сафорат
Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз шабохуни миллатгароён ба қатори хатсайри Маскав-Душанбе хабар дода, аз бефаъолиятии мақомоти дахлдори Русия изҳори нигаронӣ кардааст.
Тавре Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба “Озодагон” хабар дод, шаби 26-уми октябр, тақрибан соати 23:15 дақиқа, гуруҳи беш аз 20-нафараи афроди номаълум, бо симои славянӣ ва шиорҳои миллатгароёна ба қатори самти Маскав – Душанбе ҳамла намудаанд, ки дар натиҷа мусофирон ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Ба иттилои манбаъ ҳамлагарон тирезаҳои 7 вагони ин қаторро шикаста, ба он зарар расондаанд.
Сафорат аз он нигаронӣ дорад, ки пулиси маҳаллӣ ва кормандони роҳи оҳани Русия, ки зимни ин ҳамла дар ҷои ҳодиса ҳузур доштаанд, ягон аксуламале нишон надодаанд, то ин шабохун ҷилавгирӣ шавад: “Зиёда аз ин ду нозири амниятии роҳи оҳан дар вилояти Астрахан, ки бояд ин қаторро то сарҳади Русия ҳамроҳӣ мекарданд, дар баробари ҳуҷуми афроди номаълум бефаъолиятӣ нишон додаанд ва ҳатто ба мақомоти дахлдори Русия иттилоъ надодаанд.”
Дар ҳамин ҳол сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз ниҳодҳои Русия талаб дорад, ки қазияи мазкурро мунсифона таҳқиқ намуда, зараре, ки ба корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” расонда шудааст, ҷуброн гардад.