Боздошти ду қазоқ ба иттиҳоми иштирок дар ҷангҳои Сурия
Ду шаҳрванди Қазоқистон ба иттиҳоми иштирок дар нооромиҳои дохилии Сурия боздошт шудаанд. Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти Қазоқистон хабар дода, мегӯяд, ҳоло аз рӯи ин қазия тафтишот идома дорад.
Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон мегӯяд, ин шаҳрвандони кишвараш ғайри қонунӣ марзи Туркияро убур карда, вориди қаламрави Сурия шуда будаанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Кумитаи амнияти Қазоқистн аз ҳузури шаҳрвандони кишвараш дар ҷангҳои Сурия хабар дода, гуфта буд, ин ниҳод барои бозпас овардани онҳо талош дорад.
Аз сӯи дигар, Сергей Пешимов, раҳбари Иттиҳоди ветеранҳои Қазоқистон ба мақомоти қудратии кишвараш пешниҳод карда буд, ки дарҳои Қазоқистон ба рӯи қазоқҳои дар ҷанги Сурия ҳузурдошта баста шавад.
Ахиран дар интернет навори видеоие ба намоиш гузошта шуда буд, ки аз ҳузури 150 шаҳрванди Қазоқистон дар нооромиҳои Сурия қисса мекунад. Дар ин навор, ки аз сафҳаи Youtube пок карда шудааст, гуфта мешавад, ин ҷавонони қазоқ бо гуруҳи террористии “Ал-Қоида” ҳамкорӣ доранд. Дар ҳамин ҳол Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ҳузури шаҳрвандони кишварашро дар нооромиҳои Димишқ тасдиқ намуда, вале аз бурдани шумораи онҳо худдорӣ менамояд.