Интиқоли 144 "Груз-200" аз Русия ба Қирғизистон
Дар давоми 9 моҳи охири соли ҷорӣ аз Русия ба Қирғизистон 144 “Груз-200” оварда шудааст.
Бакит Умедов, раҳбари бахши консулгарии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон дар ин бора рӯзи 28-уми октябр зимни нишасти хабарие иттилоъ додааст. Ба гуфтаи Умедов, ин 144 “Груз-200” ҷасади шаҳрвандони кишвараш мебошад, ки дар қаламрави Русия ба қатл расонида шудаанд.
Ин масъули Вазорати умури хориҷии Қирғизистон мегӯяд, барои интиқоли як ҷасад аз Русия ба кишвараш ҳудуди 2 ҳазор доллари амрикоӣ масраф мешудааст: “Барои интиқоли як ҷасад аз Русия ҳазор доллар барои роҳкиро ва як ҳазори дигар барои цайди щуыыату тобут ва чизҳои зарурӣ лозим мебошад.”
Ба иттилои Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ҳоло 671 ҳазору716 нафар аз шаҳрвандони Қирғизистон ба хотири муҳоҷирати меҳнатӣ дар ин кишвар қарор доранд, ки шумораи ғайрирасмии онҳо метавонад, аз ин бештар бошад.