Раҳмон раиси бозори "Султони Кабир"-ро аз пуштибонҳои сиёсаташ хонд
Имрӯз, 28-уми октябр, дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ноҳияи Восеъ маркази тиҷорат ва хизматрасонии Султони Кабир ифтитоҳ ёфт, ки аз ҷониби яке аз соҳибкорони маъруф, раиси бозори Султони Кабири Душанбе, Аваз Кабиров бунёд ёфтааст.
Тавре Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ин марказ аз 2 толори бузурги варзишӣ, чанд толори калони дӯзандагӣ, толори дилхушии кӯдакон, толору дӯконҳо ва қаторҳою майдончаҳои тиҷоратӣ ва ҳамчунин таваққуфгоҳ барои мошинҳо иборат аст.
Ба иттилои манбаъ сохтмону таҷҳизонидани маркази тиҷорату хизматрасонии Султони Кабир ҳанӯз идома дорад ва то моҳи июли соли 2014 шумораи коргаронаш ба 4,5 ҳазор нафар мерасад: “То имрӯз дар ин ҷо беш аз 1000 нафар соҳиби кори доимӣ шудаанд. Дар сохтмони ин иншоот то ҳол 18 миллион сомонӣ харҷ шудааст ва то охир наздики 30 миллион сомонӣ масраф мегардад.”
Эмомалӣ Раҳмон Аваз Кабировро вазифадор кардааст, ки ояндаи наздик як меҳмонхонаи замонавӣ дар маркази ноҳия ва як варзишгоҳ бо 5 ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон дар ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ бунёд намояд.
Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ноҳияи Восеъ бо зикри номи Маҳмуд Ҳусейнов ва Аваз Кабиров онҳоро аз ҳимоятгарони сиёсати бунёдкоронаи ҳукумат хонда, соҳибкорони дигари соҳибнуфузро ба ободонии сарзамини бобоӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ даъват намуд.