Сукути Тошканд дар мавриди боздошти тоҷири тоҷик
Тошканд дархости расмии Тоҷикистонро, ки хостааст, далелҳои боздошти тоҷири тоҷик дар Узбакистон шарҳ дода шавад, беҷавоб гузоштааст.
Тавре аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ин ниҳод барои расидагӣ ба мушкили тоҷири боздоштшуда дар Узбакистон ба ҳукумати ин кишвар дархости расмӣ фиристодааст, аммо то ҳол посухеро нагирифтааст.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Зубайд Мирзораҳимов тоҷири тоҷик охири моҳи сентябр, ҳангоми ҳаракат ба самти Кореяи Ҷанубӣ, барои пайдо кардани оятҳои Қуръон дар телефони мобилияш боздошт гардидааст ва айни ҳол дар боздоштгоҳ қарор дорад.
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки сафорати Тоҷикистон дар Узбакистон қазияи мазкурро пайгирӣ намуда, барои ҳалли он талош дорад.