Бонги изтироб: 190 ҳамватани мо тайи шаш моҳи соли равон дар Русия қурбон шудаанд
Ҷунбиши умумирусиягии «Муҳоҷирини кории тоҷик» рӯйхати муҳоҷирини меҳнатии аз сари сол то моҳи июл дар қаламрави Русия фавтидаро нашр кард.
Бино ба маълумоти ин манбаъ, теъдоди фавтидагон дар ин муддат 190 нафарро ташкил додааст, ки аз ин теъдоди зиёди тоҷикистониҳо ба қатл расонида шудаанд ва ё бар асари ҷароҳатҳои вазнин фавтидаанд. Каромат Шарифов, сарвари ин ҷунбиш ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, дар 23 ҳолат сабаби фавти тоҷикон дар Русия муайян карда нашудааст. Эҳтимол, ин нафарон низ бо марги маҷбурӣ дунёро тарк гуфта бошанд.
Аз руйхати нашршуда бар меояд, ки дар ин муддат 6 нафар зани тоҷик низ дар ин кишвар кушта шудааст. Дар аксари кулли ҳолатҳо шаҳрвандони мо бар асари зарбахои миллатагроёни рус ба шаҳодат расида будаанд ва сабабҳои маргашон низ ҷароҳатҳои мағзи сар ва дигар узвҳои асосии зарурӣ, зарбаҳои корд муайян шудаанд. Ҳамчунин, ҳолатҳои заҳролудшавӣ, фавт бар асари сӯхтор ва марги 6 нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ низ мушоҳида шудааст.{jathumbnail off}