Парвандаи ҷиноӣ алайҳи муҳоҷири 27-сола фақат барои убури роҳ
Дар шаҳри Тюмени Русия тафтишоти парвандаи ҷиноӣ алайҳи шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон, Шоаҳтам Алиев, ки қоидаи роҳро вайрон кардааст, анҷом ёфт.
Тавре мақомоти тафтишотии Русия хабар додаанд, Алиев бо ду шарики дигараш субҳи 25-уми сентябр, дар ҳудуди истгоҳи Войновка, роҳи оҳанро дар ҷое, ки мумкин нест, убур намудааст.
Ба иттилои манбаъ Алиев бо ҳамроҳонаш ба шуъбаи пулис оварда шуд. Ӯ барои халосии худ ва ҳамроҳонаш маблағи бо худ доштаашро ба кормандони пулис пешниҳод кардааст, вале бо ин иттиҳом алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи муҳоҷирон ҳамарӯза кормандони пулис аз онҳо маблағ меситонанд, вале то ҳол аз боздошти маъмури пулисе барои гирифтани маблағ аз муҳоҷирон хабар дода нашудааст.