Таърифу тавсиф ва ҳамду санои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни сафарҳояш ба минтақаҳои кишвар ба авҷи аълояш расидааст. Тасаввур кардан душвор аст, ки аз ин бештар мардум чӣ гуна ва бо чӣ сифате президентро мадҳ мекунанд. Агар дар оғоз бо гуфтани “президенти муҳтарам”, “сарвари оқил”, “раҳбари хирадманд ва дурандеш” иктифо мекарданд, ором-ором фонди луғавии онҳо бо “шоҳи одил”, “шоҳи шоҳон” ғанӣ шуд. Кор то ҷое расид, ки вақте президент аз ягон хоҷагии деҳқонӣ дидан мекард, ҷумлаҳое монанд ба “бо шарофати Шумо ҳосили зиёд гифтем” низ чизи маъмулӣ гардид.
Ин гапи нав нест, ки мегӯянд, минтақаҳо барои пешвоз гирифтани президент ва тавсифу мадҳи ӯ гӯиё як навъ мусобиқа мекунанд. Аммо ба назар мерасад, онҳое ҳам ки дар як ҷамъомад дар ҳузури президент сухан мекунанд, новобаста аз ҷинсият ва синну сол сабқати пӯшидае доранд. Ҳар нафар мекӯшад, аз дигарон дида Эмомалӣ Раҳмонро бештару самимитар васф карда, сифоти зиёдеро ба ӯ пайванд бидиҳад.
Марди солманде мегӯяд, “вақте Шуморо мебинам, писаронамро фаромӯш мекунам”, толибаи мактаб бошад, буридани лентаи бинои иловагии мактаби миёнаро “иқдоми беназир” унвон мекунад. Онҳое, ки сафарҳои президент ба минтақаҳоро расонаӣ мекунанд, низ аз дигарон кам намеоянд. Мисле ки дар як нашрия навиштаанд: “мардуми ноҳияи Ванҷ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро бо он гуна самимият ва маҳбубияте истиқбол гирифтанд, ки қалам дар тасвири ин ҳақиқати бисёр фараҳбахш оҷиз аст”.
Насби аксҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон сари ҳар қадам дар арафаи сафари президент ҳам ҷузъе аз маъракаи мадҳу сано аст (“Озодагон” як пажуҳиш ҳам анҷом дода ва дар ҳоли хотимаёбист, ки маълум мекунад, солона барои нашри аксҳои президент дар қаламрави ҷумҳурӣ чӣ маблағе масраф мешавад). “Сояи Худо” ва “пайғамбарсифат” ҳам ба барчаспҳои маъмулии сифати президент табдил ёфтаанд.
Шеърҳо-ку ҷои худаш. Агар Анварӣ ва Фаррухӣ зинда мебуданд, ба мадҳияҳои ҳампешаҳои муосирашон баҳои аъло мегузоштанд. Аммо ахиран маълум шуд, ки дигар қолаби суханҳову шеърҳо барои вассофони Эмомалӣ Раҳмон тангӣ мекунад. Вақте президент лентаи нақби “Чормағзак”-ро бурид ва тариқи мошин ба он сӯи нақб рафт, гуруҳи беш аз 10-нафарии занони доирабадаст президентро “дастаи сунбул” гуфтаву сурудхонӣ карданд. Дар таҷрибаи пешвозгириҳои ҷаноби Раҳмон бори аввал аз ин усул кор гирифта мешуд. Занҳои доирабадаст рубоиҳои халқӣ дар мавзӯи дӯстиро ба президент часпонидаву дар нақорот бо як овоз мехонданд, ки: