Вазири дифои қирғиз: Алимардонов телефонашро намебардорад
Токон Мамидов, ноиби сарвазир ва вазири мудофиаю амнияти сарҳадоти Қирғизистон, аз ташаннуҷ шудани вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳушдор дода, таъкид мекунад, ки ҳамтои тоҷикаш, ноиби сарвазир Муродалӣ Алимардон ду рӯз боз зангҳои телефонияшонро сарфи назар мекунад.
Мамитов дар суҳбат бо хабаргузориҳои қирғиз гуфтааст, рӯзи гузашта мулоқоти марзбонони тоҷику қирғиз сурат гирифтааст ва ҷониби Тоҷикистон изҳор доштааст, ки ният дорад, дар чоҳи баҳсбарангези “Ката Туз” истихроҷи нафтро аз сар гирад: “Сарфи назар аз он, ки ҷониби Қирғизистон мухолифати қатъияшро ба ин иқдом баён намуд, аллакай беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон ба қаламрави Қирғизистон даромада, талош намудаанд, истгоҳҳои газию насосиро ба даст оранд. Аммо нерӯҳои иловагии милиса, ки ба ҷои ҳодиса сафарбар шудаанд, аз ин кор ҷилавгирӣ намудаанд. Айни ҳол марзбонони тоҷику қирғиз дигарбора ба гуфтушунидҳо оғоз намудаанд.”
Мамитов мегӯяд, марзбонони тоҷик махсус дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ин вазъи муташанниҷро ба роҳ мондаанд ва мехоҳанд дӯстии миёни ин ду кишварро халалдор намоянд. Вазири мудофеаи Қирғизистон афзудааст, ки рӯзи дуюм боз талош дорад, бо Муродалӣ Алимардон, ноиби сарвазири Тоҷикистон дар тамос шавад, аммо ҳамтои тоҷикаш зангҳошонро сарфи назар карда, ҷавоб надода истодааст.
Токон Мамидов аз мақомоти Тоҷикистон даъват намудааст, ки масъулиятшинос бошанд ва рӯшан дарк кунанд, ки роҳандозии иқдоми мувофиқанашуда дар минтақаҳои наздисарҳадӣ метавонанд, пайомадҳои фоҷиабор дошта бошанд.