Нахустин пирӯзии “Истаравшан” дар мавсими имсол
Ду бозии мавқуфгузоштаи даври 15-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон миёни тимҳои “Регар-ТадАЗ” - “Энергетик” ва “Истаравшан” - “Вахш” баргузор гардид.
“Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ дастаи “Энергетик”-и Душанберо бо ҳисоби 4:1 мағлуб кард. Голҳои дастаи ғолибро Шодибек Ғаффоров, Хуршед Маҳмудов ва Фирӯз Раҳматов (ду гол) ба ҳадаф расонданд. Туби ягонаи меҳмононро Адо Патрик, легионери ганагӣ вориди дарвозаи ҳариф кард.
Бозии дастаҳои “Истаравшан”-и Истаравшан ва “Вахш”-и Қӯрғонтеппа” дар варзишгоҳи марказии Истаравшан баргузор гардида бо ҳисоби 1:0 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт. Голи ягонаи сабқатро Илҳом Баротов дар дақиқаи 85-ум ба ба ҳадаф расонд.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии имсола ин нахустин пирӯзии дастаи “Истаравшан” аст. То имрӯз “Истаравшан” 12 бозӣ карда дар 9 тои он шикаст хурда, 2 бозиро мусовӣ кардааст.
Дар ҷадвали мусобиқот миёни 10 даста бо 5 имтиёз дар зинаи охир қарор дорад.
Айни ҳол дар ҷадвали мусобиқот тими “Равшан”-и Кӯлоб бо 34 имтиёз дар садри ҷадвал нишастааст. “Истиқлол”-и Душанбе бо 33 имтиёз дар мақоми дуюм аст. “Хайр”-и Ваҳдат бо 26 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад.
Нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот инҳоянд: Ҳусейни Сӯҳробӣ (”Истиқлол”) - 11 тӯб, Дилшод Восиев (“Истиқлол”) - 7 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”), Александр Кудряшов (“Истиқлол”) ва Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) - 5-тӯбӣ.