Адвокати "мулло": Ишқварзӣ бо хоҳиши ду тараф сурат гирифтааст
Мавлудҷон Салихов -- вакили мудофеи Асадулло Иброҳимов, маъруф ба “муллои ҷодугар”, рӯзи 23 октябр дар як суҳбати видеоӣ бо “Озодагон” баъзе аз ҷузъиёти парвандаи нафари таҳти ҳимояташро ошкор кард. Оқои Салихов гуфт, ишқварзии Асадулло Иброҳимов бо Зулола Раҳимова на аз роҳи зӯрӣ, ҳамон тавре мақомот мегӯянд, балки бо хоҳиши ду тараф ба миён омадааст.
“Аз нигоҳи шариату ахлоқ, бале, нафари таҳти ҳимояти мо гуноҳ кардааст. Аммо аз нигоҳи қонунҳои Тоҷикистон ин ҷиноят нест ва ҷавобгарӣ надорад”,-афзуд ӯ. Ин вакили мудофеъ дар идома гуфт, Зулола Раҳимова ҳафт бор барои дуохонӣ ба назди Асадулло Иброҳимов, “муллои табиб”, омада, видеое, ки ишқварзии онҳо сабт ёфтааст, дар дафъаи шашум тавассути “Айфон” ва ҳадафмандона ба навор гирифта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, хонум Раҳимова ҳар бори ба назди Асадулло Иброҳимов омаданаш аз надоштани ҳамсар шиква карда, мегуфтааст, мехоҳад бо нафаре оиладор шавад.
“Зерҳимояи мо дар навбати худ гуфтааст, ӯ метавонад Зулола Раҳимоваро ба ҳамсарӣ қабул кунад. Аммо баъдан бародаронаш ӯро аз ин роҳ мегардонанд, чун Асадулло ҳашт фарзанд дорад”,-гуфт ӯ.
Мурофиаи додгоҳии Асадулло Иброҳимов рӯзи 18 октябр дар додгоҳи Синои шаҳри Душанбе оғоз ёфт. Парвандаи ӯ аслан аз рӯи наворе таҳия шуда, ки Асадулло Иброҳимов дар он бо зане, ки аз ӯ Зулола Раҳимова нмо бурда мешавад, амалҳои шаҳвонӣ анҷом медиҳад. Ин навор қаблан тариқи телевизионҳои давлатӣ низ ба намоиш баромад ва дар як вақт ба шабакаи ҷаҳонии Ютюб ҳам роҳ ёфт, ки то ҳоло аз ҷумлаи сербинандатарин наворҳои тоҷикист.
ВИДЕО БА ЗУДӢ ГУЗОШТА МЕШАВАД
Дар акс: Мавлудҷон Салихов