Мусалмонҳо нахустин донорҳои хун ба захмиёни ҳамлаи маргталабонаи Волгоград
Нахустин шуда, наздики 30 намояндаи Доғистон барои захмиёни ҳамлаи маргталабонаи Волгоград хун додаанд, навиштааст торнамои “Ал-РТВ”.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин беш аз 60 намояндаи миллатҳои мухталиф, аз қабили қазоқҳо, чеченҳо, осетиниҳо, узбакҳо ва дигарон ба ҳайси донор ширкат кардаанд. “Ин афрод мусибати маҷруҳонро ҳамчун мусибати шахсӣ қабул кардаанд”,-навиштааст манбаъ.
Ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Волгоград 21-уми октябр ба вуқуъ пайваст. Ба иттилои мақомот, як зани маргталаб мавоҷи мунфаҷираро дохили автобуси мусофиркаш фаъол кардааст. Дар пайи ин ҳамла шаш нафар кушта ва 33 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар робита ба ёди қурбониёни ин ҳамла се рӯз мотам эълон шудааст.