Устопириён ба Слoвения рафт
Комроншоҳи Устопириён барои ширкат дар Чемпионати ҷаҳон ба Словения сафар кард.
Ширин Маҳмадсафоев, дабири кулли Федератсияи дзюдои Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз 24 то 27-уми октябр дар шаҳри Люблянаи Словения чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо байни ҷавонон солҳои таваллуди 1993 -1995 баргузор мегардад, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик муаррифӣ мекунад.
Маҳмадсафоев афзуд, Комроншоҳ барои ширкат дар мусобиқаи мазкур имрӯз, 23-юми октябр ба Словения сафар кард ва дар рӯзи дуюми мусобиқа-25-уми октябр қувваозмоӣ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳи Устопириён чанд рӯз пеш дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо байни навҷавонон медали тилло ба даст оварда буд. Ҳамчунин Комроншоҳ аввалҳои моҳи октябри соли равон дар мусобиқоти байналмилалии дзюдо, даврҳои Гран-прӣ дар Алмаатои Қазоқистон ва Тошканди Узбакистон барандаи медалҳои биринҷӣ гардида буд.