Баъд аз "шикор"-и муҳоҷирон кӯчаҳои Маскав норӯфта мондааст (ВИДЕО)
Ба дунболи фишорҳо болои муҳоҷирони меҳнатӣ дар пойтахти Русия, ки баъди ҳаводиси минтақаи Бирюлово оғоз шуд, РИА Новости дар гузориши видеоие, аз вазъи кӯчаҳои шаҳри Маскав нақл мекунад, ки тайи чанд рӯзи охир дар пайи тарки кор кардани роҳрубон кӯчаҳо тамиз нашудаанд.
Фишор болои муҳоҷирони корӣ дар Русия баъди он афзуд, ки Егор Шербаков, як шаҳрванди Русия дар минтақаи Бирюлово ба қатл расид. Дар ин куштор Орхан Зайналов, як шаҳрванди Озарбойҷон гумонбар дониста шуд, ки баъдан боздошт ҳам гардид. Куштори Шербаков сабаби нооромиҳо ва эътирозҳои густурда дар пойтахти Русия шуд. Аз ин имкон нажодпарастони рус истифода намуда, ба афроди ғайриславянӣ ҳамла карданд.
Мақомот ҳам ба дунбол амалиёти боздошти муҳоҷирони ғайриқонниро шуруъ карда, даҳҳо муҳоҷирро аз қаламрави Русия ихроҷ карданд.
Дар гузориши РИА Новости сокинони чанд хиёбони Маскав мегӯянд, тайи чанд рӯзи ахир тамизкорон, ки асосан муҳоҷирони корӣ будаанд, дида намешаванд. Ба гуфтаи онҳо ин тамизкорон кори худро хуб иҷро мекарданд ва кӯчаҳо ҳамеша тамиз буд, аммо баъди рафтани онҳо вазъият тағир кардааст.