Сайидумар Ҳусайнӣ ва баҳси 1 млрд. $-и “беному нишон"
Як миллиард доллар фарқ миёни маълумоти гумруки Тоҷикистон ва Чин дар бораи ҳаҷми додугирифти мол миёни ин ду кишвар баҳси доғеро дар Маҷлиси Намояндагон ба по кард.
Ин масъала рӯзи 23 октябр аз тарафи Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумон ва муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси Намояндагон матраҳ шуд. Оқои Ҳусайнӣ гуфт, бояд мақомот ба ин масъала рӯшанӣ андохта, ҷоеро барои шакку шубҳа боқӣ нагузоранд.
Вай гуфт, чӣ гуна мешавад, ки Тоҷикистон гардиши молу колу миёни Душанбеву Пекинро каме бештар аз 600 милион доллар ва Чин ин рақамро болиғ аз 1 миллиарду 700 миллион доллар медонад. Нуриддин Маҳмадов, муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки дар ин ҷаласаи парлумон ҳузур дошт, дар посух ба ин саволи оқои Ҳусайнӣ гуфт, онҳо ҷавоби худро омода ва ба зудӣ нашр хоханд кард. Ҳарчанд муовини раиси Хадамоти гумрук нисбатан ҷой доштани қочоқро тасдиқ намуд, аммо духӯрагии омори додугирифт миёни Тоҷикистону Чинро на таъид кард ва на такзиб. Ва ҳам нагуфт, ки онҳо кай ин маъсаларо расман шарҳ хоҳанд дод.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон, ҳам ба ин масъала ҳамроҳ шуда ва аз масъулони Хадамоти гумрук тақозо кард, ҳарчи зудтар ин масаъаларо ошкор намоянд. “То баъзе иттилоъ ба вуҷуд наояд, ки гӯиё аз Чин ба маблағи зиёд ба Тоҷикистон мол ворид шуда, аммо он сабт намешавад”,-афзуд раиси Маҷлиси Намояндагон.
Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳаҷми додугирифти мол бо Чин дар соли 2012, 670 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Дар ҳоле, ки тибқи омори гумруки Чин гардиши мол миёни ин кишвар бо Тоҷикистон дар соли 2012 1 миллиарду 700 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, суоле матраҳ аст, ки 1 миллиарду 30 миллион доллар ё худ 5 миллиард сомонии дигар куҷо шуданд, ки мақомоти гумруки Тоҷикистон онро сабт накардааст? Суоле, ки то ҳол мақомоти Тоҷикистон ҷавоби онро надодаанд.