Талаби 8,5 соли зиндон ва таъхири эълони ҳукми "муллои ҷодугар"
Айбдоркунандаи давлатӣ имрӯз, 23-юми октябр, дар мурофиаи додгоҳӣ барои Асадулло Иброҳимов, як рӯҳонии тоҷик, ки давоми як моҳи охир бо номи “муллои ҷодугар” маъруф аст, 8 солу 6 моҳи зиндон талаб кардааст.
Асадулло Иброҳимов дар зӯроварии хусусияти шаҳвонидошта ва фиреби духтарон, ки гӯиё тавассути дуохонӣ соҳиби фарзанду шавҳар мегарданд, муттаҳам мешавад ва дар мурофиаи гузашта айби худро қисман эътироф намуд.
Исмоил Давлатов, додраси додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, раисикунандаи мурофиаи Иброҳимов ба “Озодагон” гуфт, айбдоршаванда худро қисман айбдор донист. Иброҳимов гуфтааст, он наворе, ки ахиран дар расонаҳо пахш гардидааст, он хонум ӯро маҷбур кардааст, ки ба амалҳои шаҳвонӣ даст занад. Додраси парванда гуфт, дар мурофиа ба сифати ҷабрдида як зан ва се шоҳид иштирок доштанд.
Айни ҳол дар додгоҳии ноҳияи Синои Душанбе, эълони ҳукм нисбати Иброҳимовро ба таъхир гузошта муайян намуд, ки он фардо, 24-уми октябр эълон мешавад.
Мурофиаи додгоҳии ин рӯҳонӣ, ки тайи як моҳи охир бо номи “муллои ҷодугар” маъруф аст, рӯзи 18 октябр дар додгоҳи Синои шаҳри Душанбе оғоз ёфта, паси дарҳои баста ҷараён дорад. Масъулони додгоҳи Сино дар суҳбат бо “Озодагон” паси дарҳои баста сурат гирифтани ин парвандаро ба он рабт доданд, ки гӯиё ҷабрдида намехостааст, ном ва симояш ошкор шавад. Ҳатто маъмурони пулис, ки дар саҳни ҳавлии Додгоҳи ноҳияи Сино буданд, нагузоштанд, хабарнигорон худи Асадулло Иброҳимовро низ аксбардорӣ кунанд.
Парвандаи ӯ аслан аз рӯи наворе таҳия шуда, ки Асадулло Иброҳимов дар он бо зане амалҳои шаҳвонӣ анҷом медиҳад. Ин навор қаблан тариқи телевизионҳои давлатӣ ба намоиш баромад ва дар як вақт ба шабакаи ҷаҳонии Ютюб ҳам роҳ ёфт, ки то ҳоло аз ҷумлаи сербинандатарин наворҳои тоҷикист. Аммо наздикони Асадулло Иброҳимов, ӯро бегуноҳ медонанд ва баръакс худи он хонумонро муттаҳам медонанд.