Зайд Саидов аз иштирок дар мурофиаи додгоҳӣ даст кашид
Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи “Тоҷикистони нав”, бо изҳори нобоварӣ ба мустақилӣ ва беғаразии Шавкат Абдулхайров -- додраси Додгоҳи олӣ ва раисикунандаи парвандааш рӯзи 23 октябр эълон кард, ки дар мурофиаҳои баъдӣ иштирок нахоҳад кард. Вай, инчунин, аз се вакили мудофеаш хостааст, то аз иштирок дар баҳси додгоҳие, ки зоҳиран тақдираш ҳалшуда аст, худдорӣ намоянд.
ТАШХИСИ ДНК
Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони оқои Саидов, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин тасмим баъд аз он гирифта шуд, ки додгоҳ дархости онҳоро дар бораи ташхиси ДНК дар парвандаи аввали “таҷовуз ба номус” ва тағйири додрас дар мурофиаи додгоҳии нафари таҳти ҳимояташон рад кардааст. “Мо дархост дода будем, ки аз сабаби бидуни огоҳии мо гузарондани ташхиси хунӣ ё ДНК, ин дафъа амалиёт бояд дар яке аз давлатҳои Аврупо гузаронда шавад. Бигзор, додгоҳ худ як кишвари аврупоиро интихоб бикунад ва хароҷоти тамоми ин амалиёт аз тарафи зерҳимояи мо пардохт хоҳад шуд. Вале додгоҳ инро қабул накард”,-гуфт ӯ.
Мусоҳиби мо афзуд, “баъд аз ин, Зайд Саидов мустақиливу беғаразии додраси парвандаро зери шубҳа бурда, талаб намуд, додрас иваз шавад. Аммо додгоҳ ин дархости Зайд Шеровичро низ рад кард. Дар натиҷа, ӯ ба далели он ки ба беғаразию мустақили додрас шубҳа дорад, изҳор дошт, дар мурофиаҳои минбаъда иштирок нахоҳад кард. Вай гуфт, додгоҳ ҳар ҳукме, ки мегирад, бе ҳузури ӯ бигирад. Дар сурате, ки додгоҳ як тарафа ҷараён дорад, ҳузури ӯ чӣ маъно дорад.”
Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов 12 сентябри соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ оғоз ёфта, паси дарҳои баста ҷараён дошт. Мақомот оқои Саидовро, ки 19 май, ҳангоми бозгашт аз Фаронса, боздошт шуда буд, дар қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, ришват, сирқати амволи давлатӣ, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номуси ду ноболиғ муттаҳам медонанд. Гуруҳи тафтишотӣ мегӯяд, яке аз ин ноболиғон аз оқои Саидов фарзанд дорад ва ташхиси хунӣ ё ДНК-и он дар яке аз лабораторияҳои хусусии Русия гузаронда шудааст, ки ба нафъи раҳбари Тоҷикистони нав нест.
Аммо Зайд Саидов ва вакилони мудофеи ӯ ин ташхиси хуниро ғайриқонунӣ дониста буданд. Аз ҷумла Шӯҳрат Қудратов гуфта буд, “барои ташхиси ДНК бояд қарордод баста ва аз ҷониби Зайд Шерович имзо гардад. Дар санади ташхиси ДНК, ки дар додгоҳ ироа шуд, аз куҷое имзои Зайд Шерович пайдо гардидааст. Аз ин худи Зайд Шерович ҳам дар ҳайрат монд, чун ягон санадро барои ташхиси ДНК имзо накардааст. Ҳамаи мо аз ин ташхис бехабар будем.”