Мусодираи ҳаҷми калони маводи мухаддир дар Суғд
Аз сӯи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳаҷми ниҳоят калон маводи мухаддир мусодира шудааст.
Ба гуфтаи агентӣ, кормандони ин ниҳод бар асоси нақшаҳои як моҳ қабл тарҳрезишудаи худ гуруҳи қочоқчиёни маводи мухаддирро, ки муташаккил аз сокинони вилоятҳои Хатлон ва Суғд мебошад, дастгир намудаанд.
Аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти махсус 2 сокинони маҳалӣ, ки яке 30 ва дигаре 35 сол дорад боздошт шуда, аз онҳо як пакети маводи хокамонанди ранги ҷигарӣ бо бӯи махсус дошта мусодира гардидааст.
Инчунин дар пайи як амалиёти дигари кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар дар ноҳияи Б.Ғафуров як сокини маҳаллӣ ва як сокини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дастгир шудаанд, ки ҳангоми гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ аз манзили аввалӣ 7 баста маводи нашъадор дарёфт шудааст.
Бар асоси натоиҷи лабораторияи экспертизаи судӣ маводҳои ошкоршуда воситаҳои нашъадори афюн ва героин буда, вазни умумии онҳо 28 килоро ташкил медиҳад.
Манбаъ мегӯяд, ҳоло дастгиршудагон дар боздоштгоҳи муваққатии раёсати агентӣ дар вилояти Суғд қарор дошта, аз рӯи ҳодисаҳои мазкур бар асоси моддаи 200 қисми 4 КҶ ҶТ (нигоҳдории ғайриқонунӣ ва фурӯши маводи нашъадор дар ҳаҷми ниҳоят калон) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.