Амонулло Ҳукуматулло: "Аз садама баъди парвози писарам ба Олмон хабар ёфтам" (Навшуда)
Амонулло Ҳукуматулло, раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон, рӯзи 23 октябр бо пахши баёнияе дар рӯзномаи "Нақлиёт", нашрияи расмии Вазорати нақлиёт, садамаи шаби 9 октябр дар маркази шаҳри Душанберо, ки писараш Расули Амонулло гумонбари аслии он дониста мешавад, изҳори назар кардааст. Оқои Ҳукуматулло гуфтааст, агар Расул барои ин садама, ки се кушта бар ҷой гузошт, аз сӯи мақомоти тафтишотӣ гунаҳкор дониста шавад, бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд.
ВКД: РАСУЛ ДАР БЕМОРХОНА АСТ
Аммо Амонулло Ҳукуматулло аз он изҳори норизоӣ кардааст, ки расонаҳо ҳанӯз хулосаи тафтишотро мунтазир нашуда, “миёни ҷомеа ахбори бардурӯғ паҳн мекунанд.” “Ин куштор не, як садама аст. Куштор ҷиноят аст ва онро ҳадафмандона иҷро мекунанд. Садама ғайриинтизор ва нохост тақрибан ҳар рӯз рух медиҳад. Ман намефаҳмам, чаро атрофи ин садама ин қадар ҳаёҳӯй бардоштанд. Мумкин, ин ба манфиати афроди алоҳида бошад?”,-суол гузоштааст раиси ширкати Роҳи оҳан дар баёнияаш.
МАНБАЪ: РАСУЛ ДАР БЕМОРХОНА НЕСТ
Вай дар идома афзудааст, "ман талабгори ягон мансаби баланд нестам, ки бо ин рафтор маро дар назди роҳбарияти давлат ва халқ сиёҳ кунанд. Мақсади ман танҳо хизмати софдилона ба халқу Ватан, обод кардани як гӯшаи кишвар аст. Чун роҳбари як корхонаи калон ободии кишварро дар ободии коргоҳам мебинам ва баҳри пешрфти кор аз тамоми имконот истифода мекунам.” Раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ки баъд аз ин садамаи маргбор писараш Расули Амонулло ба Олмон сафар дошт. Аммо вай гуфта, ки ин фирор не, балки сафари аз қабл тарҳрезишуда буд. Раиси роҳи оҳан таъкид намудааст, ки аз садамаи писараш танҳо баъди он хабар ёфт, ки Расули Амонуллоро ба Олмон гусел кард.
“Агар воқеа соати 2-и шаб рух дода, писарам гунаҳкор бошад, чаро то соати 8, вақти парвози ҳавопаймо, яъне дар давоми 5 соат, аз мақомти дахлдор касе ба суроғаш наомад? Ин садама як муаммо шудааст, дар сари чанбараки мошин ҳам қарор доштани Расул аз имкон берун аст. Бигузор, ҳодисаро мақомоти дахлдор аз рӯи қоидаҳои амалкунанда санҷида, мӯйро аз хамир, коҳро аз дон ҷудо карда, гунаҳкор ва ҷазоро муайян намоянд. Ман ҷонибдори ҳақиқати баррасии ҳодиса мебошам”,-афзудааст ӯ.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Вазорати умури дохилӣ эълон карда буд, ки “ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ (рақамаш 20-20 РТ 01) Расули Амонулло дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ бо суръати баланд ҳаракат карда, ба нақлиёти тамғаи “ВАЗ-21014” (рақамаш 80-36 ВВ 01) таҳти идораи ронанда Аловуддин Саидов, сокини кӯчаи Хуҷамбиёи болои Душанбе, бархӯрда, садамаи нақлиётӣ рух додааст.” Ҳарчанд, баъдан вазири умури дохилӣ гуфт, гунаҳкори аслии ин қазия маълум нест. Бо ин ҳол, дар пайи ин садама дар маркази шаҳри Душанбе ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ 21-014 Аловуддин Саидови 22-сола, Сурайё Исмоиловаи 32-сола ва Уктам Мансурови 26-сола (писари Мансур Саидов, раиси чойхонаи "Роҳат") ҷон бохтаанд. Мусофирони дигар Мадина Аҳмедова, Азиза Рӯзиева ва Шокир Маҳкамов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳоло ҳам дар беморхона бистарӣ мебошанд.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, айни ҳол вобаста ба садамаи нақлиётии мазкур тафтишоти пешакӣ идома ёфта, барои дастрас намудан ва мавриди пурсиш қарор додани иштирокчии дигари садама Умар Шарифов чораҳои мушаххас андешида мешавад. Номи Умар Шарифов дар ин садама бори нахуст аз забони мақомот садо медиҳад. Нахуст мақомот дар ин садам Асрор Ҳукумови 21-сола, ки гуфта мешавад, ҷиняи Амонулло Ҳукуматулло будааст, муттаҳам карда буданд.