Кумисюни марказии интихобот гузориши HRW-ро беасос хонд
Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) интиқоди Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch-ро аз фазои пешазинитихоботӣ дар Тоҷикистон беасос хонд.
Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи КМИР, рӯзи 23 октябр дар шарҳи гузориши ахири Дидбони ҳуқуқи башар ба “Озодагон” гуфт, “он бе ягон далел таҳия шудааст. Мо ҳатто хабар надорем, ки онҳо вориди Тоҷикистон шуданд, ё не. Аз куҷо маълумотро гирифтаанд, рӯшан нест. Ин гузориши онҳо назари Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман Райтс Вотч мебошад ва ба ягон чорчӯбаи қонун ворид намешавад, чунки бе далелу бе асос аст.”
Додоев таъкид намуд, дар Тоҷикистон маъракаи интихоботӣ шаффофу озод, бар асоси талаботи демократӣ ва Қонуни асосии кишвар идома дорад.
Human Rights Watch ё Дидбони ҳуқуқи башар рӯзи 22 октябр бо пахши як иттилоия аз нақзи қонун ва меъёрҳои байналмилалӣ дар фазои пешазинтихоботии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда буд. Дар изҳороти ин созмон гуфта шуда буд, Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи мухолифин дар пайи фишору монеасозиҳои ҳукумат аз маъракаи интихоботӣ берун шуд.
Ҳю Уилямсон, мудири ин созмон дар Аврупою Осиёи Марказӣ, гуфтааст, “ҳукумати Тоҷикистон ба ҷои он ки шароитро барои шунидани ҳамаи тарафҳо фароҳам кунад, аз саркӯб намудани намояндагони мухолифон кор гирифтааст.” Human Rights Watch дар иттилоияи худ навиштааст, ба ҳолати 21 октябр, шаш номзад ба мақоми президентӣ боқӣ мондаанд, ки якеашон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон мебошад. Дидбони ҳуқуқи башар таъкид мекунад, ки ҳамаи рақибони Раҳмон дар интихобот ҳимоятгари сиёсати ӯ ва ҳукумат ҳастанд.