Гулназар Келдӣ аз боварии Эмомалӣ Раҳмон "баромадааст"?
Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) Гулназар Келдӣ -- шоири маъруфи тоҷикро аз феҳристи шахсони боэътимоди Эмомалӣ Раҳмон берун кардааст.
КМИР мегӯяд, ин иқдом бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ ва номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, сурат гирифтааст. Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи КМИР, ба “Озодагон” гуфт, бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, Олим Салимзода – узви Маҷлиси Намояндагон ба ҷои Гулназар Келдӣ шахси боэътимоди ӯ таъин гардид.
Гуфта мешавад, Гулназар Келдӣ ба далелҳои хонаводагӣ наметавонад, ҳамчун шахси боэътимоди Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи интихоботӣ ширкат кунад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан номи Гулназар Келдӣ дар рӯйхати шахсони боэътимоди номзади ҲХДТ, Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷои аввал меистод. Дар маҷмӯъ, шахсони боэътимоди Раҳмон 15 нафарро ташкил дода, ба қатори онҳо Хурсанд Аъзамов, Назрӣ Офаридаев, Аҳмадҷони Раҳматзод, Абдулвоҳид Шамолов, Аъзам Ҳасанов, Нодир Одилов, Меҳриннисо Бобобекова, Эмомалӣ Насриддинов, Ашӯрбой Солиев, Муродулло Давлатов, Илҳомҷон Ҳамидов, Маҳмад Раҳимов, Шарифиддин Асомиддинзода ва Меҳрубон Мирзоева ворид гардидаанд.