Манбаъ: “Расули Амонулло дар беморхона нест”
“Озодагон” рӯзи 22 октябр муайян намуд, ки Расули Амонулло, муттаҳам ба садамаи маргбор дар шаби 9 октябр, ки се куштаю се маҷруҳ барҷой гузошт, дар беморхона қарор надорад.
Тавре ба мо маълум шуд, воқеан, Расули Амонулло пеш аз зуҳри 22 октябр бо ҳамроҳии модараш ва як масъули Вазорати умури дохилӣ ба беморхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” оварда шуда, дасташ аз ҷониби духтури беморхона докабандӣ гардидааст. Манбаи “Озодагон” мегӯяд, Расули Амонулло баъд аз докабандӣ дар ин беморхона аксбардорӣ намуда, боз бо ҳамроҳии модараш беморхонаро тарк кардааст.
Расул дар беморхона бозпурсӣ мешавад
Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон баъди зуҳри 22 октябр бо пахши аксҳо ва як хабари расмӣ гуфт, Расули Амонулло (соли таваллудаш 1997), сокини кӯчаи Карамова айни замон дар беморхона бистарӣ мебошад. Ба гуфтаи ин ниҳод, Расули Амонулло гӯиё аз Олмон ба Душанбе оварда шуда, мавриди пурсиши мақомоти тафтишотӣ қарор дорад.
Расули Амонуллои 16-сола, писари Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон, яке аз гумонбарони аслӣ дар садамаи шаби 9 октябр дар маркази Душанбест, ки се кушта ва се маҷруҳ бар ҷой гузошт. ВКД мегӯяд, айни ҳол вобаста ба садамаи нақлиётии мазкур тафтишоти пешакӣ идома ёфта, барои дастрас намудан ва мавриди пурсиш қарор додани иштирокчии дигари садама Умар Шарифов чораҳои мушаххас андешида мешавад.
Номи Умар Шарифов дар ин қазия барои аввалин бор ба расонаҳо роҳ меёбад. Дар оғоз мақомот Асрор Ҳукумови 21-соларо дар садамаи маргбори шаби 9 октябр муттаҳам карда буданд.