Сабти номи зиёда аз 1500 расона дар Қирғизистон
Вазорати адлияи Қирғизистон мегӯяд, дар фазои иттилоотии кишвараш зиёда аз ҳазору 500 расона фаъолият дорад.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳоло дар Қирғизистон 159 нашрия, 26 шабакаи телевизионӣ ва 26 шабакаи радиошунавонӣ фаъолият менамояд. Аз ин нишондод 125 нашрия, 26 шабакаи телевизионӣ, 17 шабакаи радиошунавонӣ бо забони қирғизӣ мебошад.
Дар фазои иттилоотии Қирғизистон, баъд аз расонаҳои қирғизӣ расонаҳои русӣ дар мақоми аввал қарор дошта, теъдоди онҳо ба 71 нашрия, 21 шабакаи телевизионӣ ва 17 канали радиошунавоӣ мерасад.
Нашрияҳо асосан ҳафтанома мебошанд. Шумораи миёнаи онҳо 6 ҳазор нусхаро ташкил медиҳад. Барои худтаъминшавӣ бояд адади нашрашон ба 10 ҳазор расида, куллан фурӯхта шавад.
Пахши барномаи шабакаҳои Қирғизистон ба таври миёна ба 15 соат расида, радиошунавоӣ бошад, наздик ба як шабонарӯзӣ мебошад. Ин ба он рабт дода мешавад, ки маводи хабарии радио аз телевизион камхарҷ маҳсуб мешавад.