Доварони бозиҳои мавқуфгузошта эълон шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон доварону нозирони бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 15-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни тимҳои Лигаи Олӣ “Регар-ТадАЗ” – “Энергетик” ва “Истаравшан” – “Вахш”-ро таъин кард.
Бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 15-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, рӯзи 23-юми октябр баргузор мегардад. Тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ бо дастаи “Энергетик”-и Душанбе қувва меозмояд. Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор) Ёваронаш: Ҳабибулло Нарзуллоев (Ҳисор), Ҳамза Шоймардонов (Хуросон). Довари эҳтиётӣ: Ҷамшед Гирдаков (Панҷ) ва Ҳамза Пиров комисари бозӣ таъин шудааст.
Бозии дастаҳои “Истаравшан”-и Истаравшан ва “Вахш”-и Қӯрғонтеппа” дар варзишгоҳи марказии Истаравшан баргузор мешавад. Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе). Ёваронаш: Сафармаҳмад Шоймардонов, Исматулло Муминов (ҳар ду - Хуросон). Довари Эҳтиётӣ: Наимҷон Мансуров (Бобоҷон Ғафуров) Комисари бозӣ: Аҳлиддин Юнусов (Хуҷанд) таъин шудаанд.
Айни ҳол дар ҷадвали мусобиқот тими “Равшан”-и Кӯлоб бо 34 имтиёз дар садри ҷадвал нишастааст. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо 33 имтиёз мақоми дуюмро касб кардааст. “Хайр”-и Ваҳдат бо 26 имтиёз дар зинаи сеюм аст.
Нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот инҳоянд: Ҳусейни Сӯҳробӣ (”Истиқлол”) - 11 тӯб, Дилшод Восиев (“Истиқлол”) - 7 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”), Александр Кудряшов (“Истиқлол”) ва Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) - 5-тӯбӣ.