ФФТ чор бозигарро муҷозот кард
Имрӯз, 22-юми октябр дар ҷаласаи навбатии Кумитаи ахлоқии Федератсияи футболи Тоҷикистон масъалаи муҷозот кардани бозингароне матраҳ шуд, ки дар даври 19-уми мусобиқаи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ корти сурх гирифтаанд.
Тавре торнамои ФФТ хабар медиҳад, дар ҷаласа тасмим гирифта шудааст, ки Фирдавс Қурбонов, бозигари “Энергетик” ва Саид Ломеи, бозигари “Хайр” барои барқасдона ба рӯи ҳариф задани зарба дар дидори «Энергетик» - «Хайр» (19 октябр) аз ҳаққи ширкат дар ду бозӣ маҳрум ва 1000 сомонигӣ ҷарима шаванд.
Бахтиёр Азизов бозигари “Регар-ТадАЗ” барои барқасдона ба пои ҳариф задани зарба дар дидори «Регар-ТадАЗ» - «Истиқлол» (19 октябр) аз ҳаққи ширкат дар се бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима шудааст.
Бенҷамин Аманква, бозигари “Хуҷанд”-ро бошад, барои бори дуюм гирифтани корти зард дар бозии «Хуҷанд» - «Равшан» (20 октябр) аз ҳаққи ширкат дар як бозӣ маҳрум ва 300 сомонӣ ҷарима бастаанд.