Ҳушдори РусАЛ аз ифшои "асрор"-и ширкати Талко
РусАЛ, яке аз ширкатҳои бузурги тавлидкунандаи алюминий дар ҷаҳон, рӯзи 22 октябр бо пахши иттилоияе гуфт, Додгоҳи олии Ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё ба нафъи зерширкати РусАЛ - "Albaco" қарор бароварда, ҳукм кардааст, ки корпоратсияи сармоягузории СDH, шарики Талко, барои нақзи қарордод зимни интиқоли хокаи алюминий 70 миллион доллар ҷуброн пардозад.
Дар иттилоия омадааст, ин қарор марбут ба таъмини хокаи алюминий барои Талко, корхонаи алюминийи Тоҷикистон аст, ки қаблан чун ТадАЗ маъруф будааст. РусАЛ мегӯяд, қаблан чунин қарорро Додгоҳи Швейтсария баровард, вале CDH, шарики Талко, иҷрои онро ба таъхир андохтааст.
Ин ширкати русиягӣ ҳушдор медиҳад, дар сурати иҷро нашудани ҳукми додгоҳ аз роҳҳои дигари қонунӣ истифода карда, ҳатто имкон дорад, барои муфлис ё варшикаста эълон кардани корпоратсияи сармоягузории СDH, ки дар ҷазираҳои Вирҷиния сабт шудааст, ба додгоҳи ин ҷазираҳо муроҷиат кунад. РусАЛ мегӯяд, тибқи талаботи эълони варшикастагӣ додгоҳ бояд рӯйхати суратҳисобҳо ва интиқоли пулии ин ширкатро ифшо намояд.
Дар ин миён РусАЛ таъкид мекунад, “мо интизор дорем, бисёре аз корхонаю суратҳисобҳои офшории марбут ба Талко ошкор хоҳанд шуд.”
Аммо Талко ин изҳороти РусАЛро иғво ва ҳуҷуми иттилоотӣ гуфта, таъкид кардааст, чанд сол боз бо CDH ҳамкорӣ накардааст. CDH низ чун "Albaco", зерширкати РусАЛ, дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабтином шудааст.