Ёвари Меҳмон Бахтӣ: Мақолаи Тутубалинаро хонда, фишорам баланд шуд
Ҳикмат Раҳматов ва Аскаралӣ Раҷабов, ки аз Олга Тутубалина -- муҳаррири нашрияи “Азия-Плюс” барои чопи як матлаб дар бораи бозгашти Бозор Собир 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хоста буданд, рӯзи 22 октябр дар ин баҳси додгоҳӣ иштирок карданд. Ҳикмат Раҳматов -- ёвари раиси Иттиҳодияи нависандагон ва Аскаралӣ Раҷабов -- мудири шӯъбаи санъати Фарҳангистони улуми Тоҷикистон мебошанд.
Оқои Раҳматов дар ҳоле ки ба суоли додрасу вакилони мудофеъ посух медод, гуфт, матлаби Тутубалина дар бораи бозгашти Бозор Собир ба ватанро хондаву фишори хунаш баланд шудааст: “Ман аз 16-солагӣ кор мекунам. Дар тӯли тақрибан шаст соли фаъолиятам барои аввалин бор ҳамчун зиёӣ таҳқир шудам. Бештар ба ибораи “зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд”, ки Тутубалина аз номи Ленин истифода кардааст, норозиям”,-афзуд ӯ дар додгоҳ.
Вакилони Олга Тутубалина вақте аз Ҳикмат Раҳматов пурсиданд, барои ин матлаб аз Олга Тутубалина 200 ҳазор ҷуброни зарари маънавӣ пурсидааст ва чӣ далел дорад, ӯ гуфт, “агар бихоҳам, як миллион сомонӣ ҷуброн талаб мекунам”. Ин дар ҳолест, ки Аскаралӣ Раҷабов ба суоли вакилони мудофеъ аслан посух надод ва гуфт, ба додгоҳ барои имтиҳонсупорӣ наомадааст. Вай саволи вакилонро дар ҳаққи худ як навъ таҳқир донист ва гуфт, аз зиёӣ будани худ ифтихор дорад ва намегузорад, касе шаъну эътиборашро паст занад.
Дар оғоз гуфта мешуд, панҷ иттиҳодияи эҷодӣ, аз ҷумла Иттиҳодияи нависандагон ва Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, аз Олга Тутубалина барои нашри матлаби “Неинтеллигентно об интеллигенции” 200 ҳазор сомонӣ товон талаб доранд. Аммо дар рӯзи нахустини мурофиаи вакили мудофеи даъвогарон Рустам Устобоев гуфт, ин 200 ҳазор ҷуброни зарари маънавӣ барои Ҳикмат Раҳматов, Аскаралӣ Раҷабов ва Дилбар Абдиева буда, панҷ иттиҳодияи эҷодӣ мехоҳанд, Тутубалина аз онҳо расман маъзаратхоҳӣ кунад. Даъвогарон мегӯянд, Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
Бо ин ҳол, Сурайё Ҷобирова, додраси Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе, аз вакили мудофеи ҷониби даъвогар хост, то дар мурофиаи навбатӣ Меҳмон Бахтӣ -- раиси Иттиҳодияи нависандагон, Мамадшо Илолов -- президенти Фарҳангистони улум ва Дилбар Абдиева ба додгоҳ ҳозир шаванд.