Асадуллоев: Расули Амонулло дар беморхона бозпурсӣ мешавад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 22 октябр бо нашри чанд акси Расули Амонулло -- писари Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт, ӯ аз Олмон ба Душанбе оварда шуда, айни ҳол дар бемористон табобат мегирад. Расули Амонулло яке аз гумонбарони аслӣ дар садамаи шаби 9 октябр дар маркази Душанбест, ки се кушта бар ҷой гузошт.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, Расули Амонулло ҳоло дар беморхона ба пурсиши муфаттишон дар бораи садамаи 9 октябр посух мегӯяд.
Дар пайи ин садамаи Расули Амонулло, ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ 21-014 Аловуддин Саидови 22-сола, Сурайё Исмоиловаи 32-сола ва Уктам Мансурови 26-сола (писари Мансур Саидов, раиси чойхонаи "Роҳат") бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон ҷон бохтаанд. Мусофирони дигар Мадина Аҳмедова, Азиза Рӯзиева ва Маҳкам Шокиров ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳоло ҳам дар беморхона бистарӣ мебошанд.
ВКД мегӯяд, айни ҳол вобаста ба садамаи нақлиётии мазкур тафтишоти пешакӣ идома ёфта, барои дастрас намудан ва мавриди пурсиш қарор додани иштирокчии дигари садама Умар Шарифов чораҳои мушаххас андешида мешавад.