Даъвати Қувватов барои бойкоти интихоботи президентӣ
Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24”, ки ахиран аз боздоштгоҳе дар Дубай раҳо гардид, бо нашри як изҳорот аз гуруҳҳои мухолифи Тоҷикистон даъват кардааст, то ба ҳам оянду интихоботи президентии 6 ноябрро таҳрим ё худ бойкот кунанд. Қувватов дар изҳороте, ки 22 октябр пахш кард, гуфтааст, “имрӯз замоне расида, то ҳамаи мо ба ҳарзагӯиҳои пешзаинтихоботии бархеҳо гӯш надода, тақдири хешро ба даст гирем”.
Раҳбари “Гурӯҳи 24” аз он ибрози таассуф намудааст, ки имрӯз сиёсат барои аксари сиёсатмадорони тоҷик тиҷорат гардида, бештари онҳо вуҷуди худро ба “баракат”-и Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, медонанд. Ба андешаи Қувватов, ин хомӯшӣ ва бетафовутии мардуми тоҷик ба Эмомалӣ Раҳмон имкон додааст, ки ба худ масуният касб кунад.
Қувватов мегӯяд, “ҳукумати феълӣ вонамуд мекунад, ки ғамхори миллат аст. Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз як сол пеш қарордод оид ба ворид шудани маҳсулоти нафтии Русия дар як сол то ҳазор тоннаро бе боҷи гумрукӣ имзо карда буд. Аммо сабаб чист, ки мо ҳоло ҳам татбиқи онро дар амал намебинем? Албатта, посух ба ин суол бисёр оддист: қабилагароӣ ва авлавияти манофеи шахсӣ.”
Дар охир раҳбари "Гурӯҳи 24” аз тамоми мардуми тоҷик барои дастгирияшон дар замони дар боздоштгоҳи Дубай ҳузур доштанаш миннатдорӣ карда, раҳоии худро боз як пирӯзии мардуми тоҷик хондааст: “Аз ҳамаи мардуми тоҷик сипосгузорам, ки ба ман эътимод карда, дар сахттарин лаҳзаҳо ман ва хоанаводаамро танҳо нагузоштанд.” Умаралӣ Қувватов тобистони соли 2012 дар Маскав “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дода ва аз Эмомалӣ Раҳмон даъват карда буд, то дар интихоботи президентӣ номзадиашро нагузорад. Қувватов шарики собиқи тиҷории яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки то фирораш ба Маскав дар як соли пеш раҳбарии ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз”- аз ширкатҳои асосӣ дар бозори фурӯши сӯзишвории Тоҷикистонро - бар ӯҳда дошт.
Баъд аз таъсиси “Гурӯҳи 24” Қувватовро шарикони собиқаш ба дуздии 6 миллион сомонӣ аз ширкати “Фароз” айбдор карданд. Моҳи декабри соли 2012 ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Додгоҳи Дубай дар моҳи апрели соли ҷорӣ ҳукми бозпас фиристодани ӯ ба Душанберо содир кард. Вале Умаралӣ Қувватов аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурда, аз боздошт раҳо гардид. Вале мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, қазияи Умаралӣ Қувватов ниҳоӣ нашуда, додгоҳи Дубай низ дар ин бора ба онҳо чизе нагуфтааст.