Лукашенко гуфт, аз Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят хоҳад кард
Масъалаи мустаҳкам гардондани марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бояд дар эъломияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё СНГ инъикос гардад. Ин нуктаро Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, рӯзи 21 октябр, ҳангоми мулоқот бо хабарнигорон аз ИДМ иброз доштааст.
Лукашенко таъкид намудааст, агар масъалаи мустаҳкамсозии марзро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар анҷумани сарони давлатҳои узви ИДМ бардорад, ӯ аз Раҳмон пуштибонӣ хоҳад кард. Лукашенко таъкид намудааст, масъалаи марзи Тоҷикистону Афғонистон хеле ҷиддӣ ва мураккаб буда, бояд дар эъломияи ИДМ инъикос гардад.
“Ин мушкили ҳамаи мост. Ман намедонам фосила миёни Белорус ва Тоҷикистон чӣ қадар аст ва ман намегӯям, марзи Тоҷикистон мушкили мо нест. Ягон роҳи гурези Белорус аз қочоқ аз тарафи ҷануб вуҷуд надорад”,-афзудааст ӯ.
Раисиҷумҳури Белорус ҳушдор додааст, хоҳу нохоҳ дар минтақа таҳдидҳои террористӣ афзоиш хоҳанд ёфт. Ин дар ҳолест, ки ахиран сарони кишварҳо дар доираи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (ОДКБ) қарор намуданд ба Тоҷикистон кумаки низомӣ ироа намоянд. Аз ҷумла, дар назар аст, ки Белорус ба Тоҷикистон дурбинҳо ва дигар дастгоҳҳои назоратӣ бидиҳад.