Кашфи ду фоҳишахона дар Душанбе
Дар шаҳри Душанбе ду хонае ошкор шудаанд, ки дар яке истеъмоли маводи мухаддир ва дар дигаре танфурӯшӣ роҳандозӣ шудааст.
Тавре аз Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон хабар доданд, соҳиби хонаи марбут ба истеъмоли нашъа, сокини 37 солаи пойтахт буда, қаблан барои маводи мухаддир маҳкум ба зиндон шудааст.
Ба иттилои манбаъ дар хонаи дуюм, соҳиби бекори он, хонаашро барои даюсӣ ба иҷора дода буд: “Дар лаҳзаи санҷиш дар хона се зани аз 17 то 46-сола, ки аз вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба пойтахт омада буданд ва инчунин се мард қарор доштанд.”
Оҷонсии назорати маводи нашъадор мегӯяд, феълан нисбати соҳибхонаҳо парвандаи ҷиноятӣ барои ташкил ва нигоҳдории фасодхона оғоз шуда, барои тарк накардани ҷои истиқомат аз онҳо забонхат гирифта шудааст.