“Döwlet guşy”. Романе дар бораи падари президент
“Döwlet guşy” ё “Парандаи бахт”, асари нави Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон муаррифӣ шуд.
Расми муаррифии ин роман дар маркази маъмурии вилояти Дашогуз сурат пазируфтааст. “Парандаи бахт” дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Маликгулӣ Бердимуҳаммадов, падари президенти Туркманистон нақл мекунад.
Дар асар зиндагии овони тифлии Маликгулӣ тасвир шудааст, ки баъди ба ҷанг рафтани падараш – Бердимуҳаммад Аннаев бори гарони пешбурди зиндагиро бар душ мегирад.
Дар пешгуфтори китоб навишта шудааст, ки муаллиф ҳанӯз дар кӯдакӣ ба навиштани он оғоз карда, давоми умраш онро иншо кардааст. “Дар хурдӣ ӯ нақлҳои падарашро дар бораи ҳаёт ва рӯзгораш менавишт”,-навиштааст TDH.