Дубай: Муҳокимаи як зани 29-солаи тоҷик барои танфурӯшӣ
Рӯзи душанбеи 21 октябр дар додгоҳи Дубай муҳокимаи як зани 29-солаи тоҷик, ки гӯиё дар моҳи шарифи Рамазон барои танфурӯшӣ ҳамроҳ бо як шаҳрванди Уммон боздошт шудааст, оғоз гардид.
Расонаҳои Дубай менависанд, ин зан ҳангоми мурофиа, иттиҳоми танфурӯширо рад карда, аз додрас хоҳиш намудааст, ӯро аз навзодаш ҷудо насозад. Ин зан, ки ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ аз ҷониби шахси номаълум ҳомиладор шудааст, инчунин дар вуруди ғайриқонунӣ тариқи баҳр ба Саудӣ муттаҳам мешавад.
Айбдоршаванда дар мурофиа гуфтааст, ӯ фоҳиша нест ва падари кӯдакаш як дӯстдоштааш ҳаст, ки кишварро баъд аз ҳомиладорияш тарк намудааст. Шаҳрванди 40-солаи Уммон, ки ҳамроҳ бо ин зани тоҷик боздошт шуда, барои ҷой додан ба як шаҳрванди ғайриқонунӣ муттаҳам мешавад, дар мурофиа изҳор доштааст, “бо ин зан ду ҳафта қабл аз боздошт дар як маркази дилхушии шабона шинос шудам ва ӯро ба хона даъват намуда, тӯли ин муддат барои таъминоташ маблағ ҳам додам.”
Ин шаҳрванди Умон изҳор доштааст, вақте дар бораи ҳузури ғайриқонунии ҳамзисташ фаҳмид, аз ӯ хоҳиш намуд, ки ҳуҷҷатҳояшро дуруст кунад. Пулис муайян кардааст, ки зани тоҷик ҳанӯз соли 2005 аз Арабистони Саудӣ ихроҷ шудааст ва тавре худи шаҳрванди Тоҷикистон иқрор шудааст, ӯ моҳи январи соли равон ба як зан маблағ дода, тариқи баҳр ба Фуҷайра ва аз он ҷо ба Дубай омадааст.
Дар ҳамин ҳол, дар назар аст, додгоҳ баъд аз баррасии ҳамаи ҷузъиёти қазия ҳукмашро 18 ноябри соли ҷорӣ эълон кунад.