Нигаронии Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон аз "пулҷамъкунӣ"-и муаллимон
Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон мехоҳад, аз болои мудирони макотиби миёнаи кишвараш ба Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) шикоят барад.
Ин ниҳод мудирони макотиби кишварашро ба беасос ҷамъоварии маблағ ва тамаъҷӯӣ аз донишомӯзони қазоқ муттаҳам менамояд. Ба гуфтаи Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон, вақтҳои охир шумораи шикояткунандагон аз ин раванд афзоиш ёфта, ҳатто худи муаллимон низ борҳо аз ин "фармоиш"-и мудирон нигаронӣ намудаанд.
Ҳуқушиносони ин иттиҳод мегӯянд, ҳоло дар системаи маорифи вилояти Алма-Атои Қазоқистон як гуруҳи созмон ёфтае дар ин ҷода фаъолият дорад, ки муташаккил аз мудирони макотиб, масъулони вазорати маориф ва кормандони мақомоти қудратии қазоқ мебошад.
Инчунин иттиҳоди мазкур аз Кумитаи амнияти Қазоқистон даъват кардааст, то ба ин қазия таваҷҷуҳи хосса диҳад.