HRW аз Раҳмон хост, ба ваъдаи додааш дар Брюссел вафо кунад
Human Rights Watch ё Дидбони ҳуқуқи башар рӯзи 22 октябр бо пахши як иттилоия аз нақзи қонун ва меъёрҳои байналмилалӣ дар фазои пешазинтихоботии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.
Ин созмон мегӯяд, Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи мухолифин дар пайи фишору монеасозиҳои ҳукумат аз маъракаи интихоботӣ берун шуд. Ҳю Уилямсон, мудири ин созмон дар Аврупою Осиёи Марказӣ, гуфтааст, “ҳукумати Тоҷикистон ба ҷои он ки шароитро барои шунидани ҳамаи тарафҳо фароҳам кунад, аз саркӯб намудани намояндагони мухолифин кор гирифтааст.”
Human Rights Watch дар иттилоияи худ навиштааст, ба ҳолати 21 октябр, шаш номзад ба мақоми президентӣ боқӣ мондаанд, ки якеашон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон мебошад. Дидбони ҳуқуқи башар таъкид мекунад, ки ҳамаи рақибони Раҳмон дар интихобот ҳимоятгари сиёсати ӯ ва ҳукумат ҳастанд.
Ин созмон меафзояд, фишор болои мухолифини ҳукумати феълӣ, аз ҷумла боздошту тарс додани роҳбарони мухолифин дар дохилу хориҷ, махсусан давоми як соли охир рӯ ба афзоиш аст. Дидбони ҳуқуқи башар дар муроҷиат ба Эмомалӣ Раҳмон ваъдаи дар Брюссел додаашро, ки гуфт, кафолат медиҳам, интихоботи президентӣ шаффофу демократӣ мегузаранд, хотиррасон карда, даъват намудааст, ба ваъдаяш вафо кунад.
Human Rights Watch боздошти Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24”-ро дар Дубай, Абдумалик Абдуллоҷонов, собиқ нахуствазири Тоҷикистонро дар Украина, нопадид шудани Салимбой Шамсиддинов, раҳбари ҷамъияти узбакҳои Хатлон, боздошту ифтитоҳи парвандаҳо алайҳи Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, латту кӯби Маҳмадалӣ Ҳайит, ноиби раиси ҲНИТ ва дигар ҳолатҳоро зикр карда, ҳамаи онро талоши ҳукумати феълӣ барои маҳдуд кардани озодиҳо дар арафаи интихобот ва фишор ба мухолифин унвон кардааст. Ин созмон аз ҳукумат даъват намудааст, таъқиби мухолифонро қатъ намояд. Дидбони ҳуқуқи башар таъкид мекунад, ки дар Тоҷикистон тақрибан телевизиони мустақил нест ва дар шабакаҳои давлатӣ танҳо таърифи ҳукумати феълӣ роҳ ёфта, ба назарҳои интиқодӣ ҷой дода намешавад.
Human Rights Watch аз шарикони байналмилалии Тоҷикистон даъват намудааст, иқдоми ҳукумати феълии кишварро маҳкум кунанд ва таъкид намоянд, ки сатҳи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аз он вобаста хоҳад буд, ки ҳукумат то куҷо ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишварро таъмин мекунад: “Вашингтон, Брюссел ва шарикони дигари калидӣ бояд ба Душанбе паёми рӯшан фиристанд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон дар арафаи интихоботро таъмин кунад. Бигзор ҳукумати Тоҷикистон донад, ки ҷаҳон ҳамаи корҳояшро дида истодааст.”