Миллионери тоҷик: “Вақте дар Ватан қадр надорем, чаро аз бегонагон менолем?”
Саттор Саидов, маъруф ба “Стас”, миллионери тоҷик, ки тайи тақрибан 13 соли охир дар Русия кору зиндагӣ мекунад, гуфта, ки аз муҳаббати зиёдаш нисбат ба ватан мехоҳад, дар Испания як “Тоҷикистони хурд” бунёд намояд. Вай дар ин бора дар сӯҳбаташ бо хабарнигори маҷаллаи “Элита” хабар додааст.
Оқои Саидов гуфтааст, “дар яке аз минтақаҳои Испания, ки аз нигоҳи шарту шароити иқлимӣ ба Тоҷикистон монандӣ дорад, иҷоза гирифтам, то як деҳаи сирф тоҷикӣ бунёд намоям. Ин деҳа ҳамчун маҳҳалаи сайёҳӣ бунёд ёфта, дар он аслан ҳамватанони мо зиндагӣ хоҳанд кард, ки бо хоҷагии деҳқонӣ машғул мешаванд.”
Ин миллионери тоҷик, ки 37 сол дорад, зодаи шаҳри Душанбе буда, ҳоло дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба сар мебарад. Ӯ соли 2000, баъд аз хатми Донишгоҳи политехникии пойтахт, маҷбур мешавад, ба хотири дарёфти қути пайвандонаш кишварро ба нияти кор дар Русия тарк кунад. Саттор Саидов аз тақрибан ду миллион муҳоҷири дигари тоҷик ба он фарқ мекунад, ки дар самти фаъолияти интихобкардаш зуд муваффақ шуда, дар як замони кӯтоҳ тавонистааст, чаҳор ширкатро дар қаламрави Русия соҳиб шавад, ки ҳудуди 700 нафар дар онҳо бо ҷои кор таъминанд. Яке аз ширкатҳои маъруфи Саидов, корхонаи “Созвездие”, марбут ба хадамоти коммуналӣ ба шумор меравад, ки аз он дар қатори ширкатҳои сегонаи бузургтарини коммуналии шаҳри Санкт-Петербург ном гирифта мешавад. Худи Саидов, ки дар суҳбат бо маҷаллаи “Элита” дар ин бора ибрози назар кардааст, мегӯяд, “албатта, соли аввали муҳоҷират бароям осон набуд, бахусус замоне ки бо яке аз ҳамтанони хеш қаҳвахонаеро таъсис додаму баъд аз чанд муддат, читавре мегӯянд, “кидат” шудам.”
Вале ба гуфтаи Саидов, даст надодан ба ноумедӣ ва талошҳои бардавомаш ба ӯ имкон додаанд, ки дубора дар як замони кутоҳ қомати хешро болотар бардорад. Ӯ мегӯяд, ин чаҳор ширкатро дар натиҷаи талошу заҳматҳои ҳалол ба даст овардааст: “Агар Рокфеллер гӯяд, ки ӯ метавонад дар бораи тамоми моликияташ ба ҷуз як миллиони аввал ҳисобот диҳад, пас ман метавонам, бо ифтихор ва камоли итминон гӯям, ки омодаам, барои ҳамаи дороиям ҳисобот диҳам.”
Дар мавриди аз байн рафтани қадру манзалати тоҷик дар хориҷ аз Тоҷикистон, ӯ бар ин аст, ки ҳалли ин мушкилотро бояд дар дохили ватани худ ҷуст: “Замони дар Душанбе ҳузур доштанам, маро ниёзе пеш омад, то ба чанд муассисаву корхонаи давлатӣ сар бизанам ва дар ин муддат мушоҳида кардам, ки чи тавр афроди мансабдор бо мардуми одӣ бархӯрди зишту муносибати баде доранд ва ба хулосае расидам, ки агар мо дар дохили ватан-хонаи худ ба ҳамдигар чунин эҳтиром қоил бошем, пас, чи тавр метавонем, беҳтар аз онро аз бегонагон, бахусус дар хориҷ аз Тоҷикистон талаб кунем.”
Саттор Саидов мегӯяд, омодааст, тамоми сармояи худро ба ватанаш бахшад. Аммо вай мегӯяд, танҳо ба шарте ин корро анҷом медиҳад, ки мутмаин бошад, то заррае ин амалаш вазъиятро дар Тоҷикистон тағйир медиҳад.
Миллионери тоҷик мегӯяд, ҳарчанд тӯли 13 сол мешавад, берун аз Тоҷикистон ба сар мебараду бо зани рус оиладор аст, барои ӯ фарҳанг ва русуми миллии тоҷикон мақоми хосса дорад. Ӯ дар ин бора мисолеро зикр менамояд, “рӯзе духтарчаи 8-солаам-Тахмина омаду ба ман гуфт, мехоҳам, мисли дугонаҳоям, ки дар гарданашон нишони салиб овезон аст, расми моҳи нимаро овезон карда, вориди масҷид шавам...”
Саттор Саидов, яке аз миллионерҳои тоҷик дар Русия, бо Михаил Прохоров, сарватманди шинохтаи рус ҳамнишинӣ дошта, аз дӯстони наздики писари хурдии Муаммар Қаззофӣ будааст. Вай мегӯяд, аз муҳббати зиёде, ки ба Қаззофӣ дошт, то ҳол болои яке аз мошинҳояшро акси ӯ зеб медиҳад.